Аҳли амал бошед

Аҳли амал бошед

“Муҳимтарин тафовут ва фарқи байни афроди муваффақ ва номуваффақ, дар мизони амалгаро будани онҳост”. (Боб Броктор).

Афроди шод ва муваффақ, аҳли амал ҳастанд.

Афроди амалгаро ҳамеша дар ҳоли ҳаракат ҳастанд.

Ин афрод мунтазир намемонанд то масъалае пеш биёяд, балки пеш мераванд ва иттифоқҳоро падид меоваранд.

Агар мехоҳед муваффақ бошед ва тамоми рӯзи худро сарфи бозӣ мекунед, поёни рӯз эҳсоси беназмӣ ва гуноҳ хоҳед кард.

Аз тарафи дигар, агар аз вақтатон барои кор бар рӯи аҳдофи худ истифода карда ва натиҷае ҳосил кунед, эҳсоси хушбахтӣ хоҳед дошт. Агар тибқи барномаи худ амал кунед, эҳсоси ризоятмандӣ пайдо мекунед. Ба ҳамин далел, амалгаро будан, дорои аҳамият аст.

Маълум аст, ки муваффақият ва комёбӣ бидуни талошу кӯшиши сахт, имкон надорад. Ба ин фикр кунед, ки агар шумо як теннисбози ҳирфаӣ ҳастед ва бо як нафаре ҳамбозӣ шудаед, ки теннисро хуб балад нест ва ҳатто наметавонад тӯбро бизанад чӣ кор мекунед? Эҳсоси хастагӣ мекунед ва мусобиқа дар як лаҳза ба поён мерасад. Баръакс агар бо бозигарони ҳирфаӣ ва соҳибкасб бозӣ кунед, аз ин мусобиқа эҳсоси ҳаяҷон хоҳед кард ва лаззат мебаред, зеро барои ба даст овардани имтиёзҳо бояд сахт талош кунед.

Кори сахт ҳамон чизест, ки шуморо хушҳол мекунад. Ҳангоме ки битавонед ба роҳатӣ ва бидуни ҳеч сахтӣ ба ҳадафатон бирасед, натиҷае нахоҳед гирифт ва ҳаяҷон надорад, лаззатбахш нахоҳад буд. Оксижени мавҷуд дар ҳаво барои ҳама дар дастрас аст ва бинобар ин, ҳеч кас аз он қадрдонӣ намекунад. Магар ин ки дар ҳангоми танаффус (нафаскашӣ) мушкиле дошта бошем. Мардум ҳаргиз аз чизҳое, ки ба даст оварданаш осон аст, қадрдонӣ намекунанд. Ба ҳамин хотир, амалгро бошед, корҳои сахту мушкилро анҷом диҳед ва ҳамеша муваффақ бошед.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Барои оянда нақша ва ҳадаф дошта бошед
Сураи Ихлос ва фазилати қироати он

Матолиби пурбоздид