Аҳмад Масъуд дархости кумак аз Исроилро такзиб кард

Аҳмад Масъуд дархости кумак аз Исроилро такзиб кард
Ахбори байналмилал
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфта, ки раҳбари ин ҷабҳа бо ҳеч расонаи исроилӣ гуфтугӯ накардааст ва ҳеч кумаке аз Исроил дархост накардааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт:
“Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо ҳеч расонаи исроилӣ суҳбати ихтисосӣ надошта ва ҳеч мутолибаи кумак аз кишвари Исроил сурат нагирифтааст.”
Ҷабҳаи муқовимат ин хабарро “овозаҳои беасос ва ғаразнок” хондааст.
Рӯзномаи исроилии Мориф гузориш дод, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мусоҳибае дошта ва дар он гуфтааст, ки: “Дар ҷанг бо Толибон аз кумаку ҳимояти ҳар кишваре ба шумули Исроил истиқбол мекунад”.
Раҳбари дар табъиди Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чанде пеш дар мусоҳибае дар Париж гуфта буд: “Неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳеч кумаки низомӣ дарёфт намекунанд ва ба анборҳои таслеҳотии марбут ба чандин даҳаи ҷанг дар Афғонистон вобаста ҳастанд. Онҳо ба муҳиммот ниёз доранд”.
Масъуд дар ин мусоҳиба таъкид кард: Ин ба қадри кофӣ сабаби дарди сари Толибон аст, албатта на он қадаре, ки боиси сарнагунии онҳо шавад ё боис шавад то бар сари мизи музокира бинишинанд. Ин чизест, ки ҷаҳон бояд даркаш кунад.
Вай гуфт: Мо талош мекунем то ба ғарбиҳо бигӯем, ки шояд шумо ба масъалаи Украина машғул ва саргарм ҳастед, аммо мо ҳам бобати авзоъ дар Афғонистон ба тавваҷҷуҳ ниёз дорем чун авзоъ дар кишвар мисли бомбаи соатӣ аст.
Tajikpress
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эъломи омодагии Русия барои сохти ниругоҳи атомӣ дар Тоҷикистон
Даҳ маҳорати бартар барои ояндаи наздик

Матолиби пурбоздид