Баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ дар мавриди Ғазза

Баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ дар мавриди Ғазза

Баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ дар мавриди Ғазза пас аз раъй Додгоҳи Лоҳа (Гаага)

Ахбори байналмилал

Alalam

Шӯрои амнияти СММ эълом кард, пас аз эъломи тасмимоти Девони Додгустарии байналмилалӣ дар Лоҳа дар мавриди наслкушии режими саҳюнистӣ, рӯзи чаҳоршанбе нишасте изтирориро дар робита бо ҷанг дар Ғазза баргузор хоҳад кард.

Ба гузориши Алъолам, Шӯрои амнияти СММ, ба дархости Алҷазоир пас аз тасмими Девони байналмилалии Додгустарӣ алайҳи режими саҳюнистӣ, ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад.

Риёсати Шӯрои амнияти Созмони Милал эълом кард, ки ин шӯро чаҳоршанбе пас аз тасмими Девони байналмилалии Додгустарӣ дар мавриди навори Ғазза ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад.

Алҷазоир хостори баргузории нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал дар чаҳоршанбе барои баррасии вазъияти Ғазза шудааст.

Манобеъи диплумотик хотирнишон кардаанд, ки даъвати Алҷазоир барои баргузории ин нишаст, дар чорчӯби дастури ахири Девони байналмилалии Додгустарӣ дар мавриди Ғазза аст.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Алҷазоир омадааст, ки ба дастури Абдулмаҷид Таббун, раисиҷумҳури Алҷазоир, ҳайати доимии Алҷазоир дар Созмони Милал, дархостеро барои баргузории ҳар чи сареътари нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо ҳадафи “додани шакли иҷроӣ” ба тасмимоти Девони байналмилалии Додгустарӣ, ки бар Исроил таҳмил шуда ироа додааст.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Алҷазоир таъкид шудааст: “Алҷазоир ҳукми содиршуда аз сӯйи Девони байналмилалии Додгустариро оғози поёни даврони муофият аз муҷозот медонад, ки режими ишғолгар аз муддатҳо пеш аз он барои озору азияти мардуми Фаластин ва саркӯби ҳамаи ҳуқуқи машрӯъи онҳо истифода мекард.”

Алҷазоир аз ибтидои январи имсол ба муддат 2 сол узви ғайридоими Шӯрои амнияти Созмони Милал шудааст.

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, ки тасмими иттихозшуда аз сӯйи Девони байналмилалии Додгустарӣ дар парвандаи “наслкушӣ” аз сӯйи Офриқои ҷанубӣ алайҳ Исроил барои ҳамаи тарафҳо илзомовар аст.

Додгоҳи байналмилалии Додгустарӣ рӯзи ҷумъа ба режими саҳюнистӣ дастур дод, то иқдомотеро барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ алайҳи фаластиниҳо ва беҳбуди вазъияти инсонӣ дар навори Ғазза анҷом диҳад, аммо ин тасмим шомили “оташбас” намешавад.

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳҳои Омрико
Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ ба таъсисоти ҷосусии Исроил

Матолиби пурбоздид