Баргҳое аз торих

Таърих

Баргҳое аз торих

Исфандиёри Одина

То ишғоли Бухоро аз сӯи Русия, ҳатто як нафар понтуркист дар Бухоро набуд!
Понтуркизмро давлати Шӯравӣ ривоҷ дод.
Понтуркистҳо бештар бачаҳои беаслу насабе буданд, ки дар мактабҳои русибумии вилояти Туркистони Рус хонда буданд ва хатти порсӣ намедонистанд ва таҳти барномаи таълимии мадориси Русия понтуркист шуда буданд.
Баъд аз ишғоли Бухоро, русҳои булшевик як гурӯҳ аз ин беаслу насабҳоро оварданду дар Бухоро ҳоким карданд, ки Файзулло Хӯҷа яке аз онҳо буд.
То ишғоли Бухоро забони расмии иморат форсӣ буд, Русияи булшевикӣ дуруст баъд аз ишғоли Бухоро забони порсиро ҳазф карду ба ҷояш узбакиро расмӣ кард!
Ленину Истолин дӯстони Ототурк буданд ва аз пулҳои ғоратшудаи Бухоро миқдореро ба Ототурк фиристоданд, ки давлати усмонии дар ҳоли шикаст аз Ҷанги Ҷаҳонии Аввалро аз нобудии комил раҳо сохт ва ба “Туркия” табдил дод.
Торихро дуруст бояд хонд!
Фейсбук, сафҳаи шахсии Исфандиёри Одина
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷумалоте аз дуктур Алии Шариатӣ
Инсофу қонун мебояду бас

Матолиби пурбоздид