Барои чӣ бояд таърих хонд?

Таърих

Барои чӣ бояд таърих хонд?

Мабоҳисе пиромуни таърих

Хондани таърихи гузаштагон ва ошноӣ бо ҳолу ҳавои онон ва огоҳӣ ба иллати пасрафт ва шикастҳои миллате ва ё пешрафт ва пирӯзиҳои он, фақат барои донистани сирф нест, балки аз ҳама муҳим ва ҳатто муҳимтар аз огоҳӣ ба иллати шикастҳо, то такрорашон накунем ва ошноӣ бо сабаби пирӯзиҳо, то ба онҳо чанг бизанем, муҳимтар аз ҳамаи инҳо, огоҳӣ ба ин воқеият аст, ки то бидонем, мо худамон, бале худамон, дар куҷои таърих қарор дорем? Ва ба иборати беҳтар, то хештанро бишносем. Чӣ тавр! Ҳоло бо як мисол, тавзеҳатон медиҳам.

Масалан, дар таърих мехонем, ки замоне, ки Чингиз ба ҷаҳони ислом юриш овард ва тару хушкро сӯхт, мардум чанд даста шуданд; дастае – ки бисёр андак буданд – то охирин нафас пайкор карданд мисли Темурмалик ва Ҷалодуддини Хоразмшоҳ (фарзанди подшоҳ) ва ҳар ду дар роҳи дифоъ аз дин ва номус, қаҳрамонона ҷангиданд ва ҷоми шаҳодат нӯшиданд.

Дастае аммо таслим шуданд ва барои зиндагии чанд сабоҳ дар ин дунёи фонӣ, тан ба зиллат ва хорӣ доданд ва дар канори муғулҳо алайҳи мардуми худ қарор гирифтанд, ки инҳо низ мисли дастаи аввал теъдодашон андак буд.

Дастае ҳам буданд тамошобин, ки аксариятро ташкил медоданд. Инҳо фақат тамошо мекарданд, то бибинанд, пирӯзӣ насиби чӣ касе хоҳад шуд, то вақте фаҳмиданд, чӣ ҷиҳате пирӯз аст, ба он тараф бичарбанд.

Хуб, ҳоло он матлабро тавзеҳ бидиҳам. Шумо имрӯз, дар қарни 21, вақте ин барга аз таърихро мехонед, фарз кунед агар ин иттифоқ – яъне ҳуҷуми Чингиз ба ҷаҳони ислом – ҳамин имрӯз рӯй медод, дар ин сурат шумо дар куҷо будед ва дар канори кадом даста қарор мегирифтед? Оё ҳамроҳи он шумори андак яъне дар канори Темурмалик ва Ҷалолуддин қарор мегирифтед ҳатто агар кушта шавед? Ё мисли дастаи дуввум тан ба зиллат медодед, то масалан кушта нашавед ва аз ин рӯ дар канори муғул алайҳи миллати худ меистодед? Ва ё монанди аксарияти суммун букм мавзеъи бетарафӣ мегирифтед ва тамошо мекардед, ки чӣ хоҳад шуд ва масалан мегуфтед: “Худоё! Золимонро ба золимон машғул бисоз ва моро аз миёни онҳо солим берун овар!”? Хуб, буданд чунин афроде.

Мутолеаи таърих барои донистани ҳамин аст.

Ҳоло, ҳамин имрӯзҳо чунин иттифоқ дар ҳоли рӯй додан аст. Чингизи замона яъне Натонёҳу ва аз пушташ абарқудратҳои ҷаҳон, як сол мешавад, ки ба узве аз пайкари ҷаҳони ислом ҳуҷум оварда ва тару хушкро месӯзанд ва то ин ҷойи кор, ба дасти ин ҷиноятпешаҳо беш аз 42 ҳазор фаластинӣ ва 13 ҳазор лубнонӣ шаҳид шудаанд.

Хуб, алъон шумо дар канори чӣ дастае истодаед? Шарт нест, ҷисман истода бошед, балки кофист бидонед руҳан дар кадом ҷиҳат ҳастед? Оё дар канори он дастаи андак, ки пайкор мекунанд? Ҳарчанд ба дуои худ ва ё кӯмаки молӣ. Ё дар канори саҳюнисти хуношом? Ҳарчанд дар тарвиҷу таблиғи мароми ӯ. Ва ё тамошобин ҳастед, то бо пирӯзии тарафе, таклифи худро равшан кунед ва дуо мекунед, ки “Худоё! Золимонро ба золимон машғул бисоз ва моро аз миёни онҳо солим берун овар!”?

Таърих хондан барои ҳамин аст, на сирфи донистан ва ё саргармӣ.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё ин мардум шикаст мехӯранд?
Майдони ҷанг – таъйинкунандаи ниҳоист!

Матолиби пурбоздид