Баёнияи Кумитаи наҷоти гаравгонҳо дар мавриди зиндонӣ кардани Аслиддин Шарипов

 Баёнияи Кумитаи наҷоти гаравгонҳо дар мавриди зиндонӣ кардани Аслиддин Шарипов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), зиндонӣ шудани Аслиддин Шарипов ба муддати 12 сол аз сӯйи додгоҳе дар Тоҷикистонро шадидан маҳкум ва аз ин додгоҳ мехоҳад, дар ҳукми ноодилонаи худ таҷдиди назар ва Аслиддин Шариповро озод созад.

Лозим ба зикр аст, ки додгоҳе дар Тоҷикистон Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммад, аз фаъолони мухолифи ҳукуматро ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.

КШНГЗС, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки додгоҳи мазкур сабаби зиндонӣ шудани Аслиддин Шариповро эълон накарда ва маълум нест, чӣ айбҳое ба гардани ӯ бор карда ва Шарипов дар додгоҳ чӣ гуфта – зеро ба гузориши расонаҳо, додгоҳи вай бе ҳузури хабарнигорону пайвандонаш гузаштааст – аз ин рӯ бар ин бовар аст, ки сабаби аслии зиндонӣ кардани Аслиддин Шарипов, ба бародари Шавкати Муҳаммад будани ӯ бармегардад ва ин кор фақат ба ҷиҳати фишор ворид сохтан ба Шавкати Муҳаммад сурат гирифтааст.

КШНГЗС мӯътақид аст, ин равиш яъне зиндонӣ кардани бастагон ва наздикони мухолифон бо ҳадафи фишор ворид сохтан ба онҳо, то даст аз идомаи фаъолият бардоранд, равиши дурусте нест ва дар ҳеч ҷойи дунё ва дар ҳеч кишваре ин равиш маъмул нест ва то ҷойе, ки медонем ҳатто дар диктотуртарини кишварҳо аз ин равиш истифода намешавад.

Ва фақат ин ҳукумати Тоҷикистон аст, ки беш аз 30 сол аст дар мубориза бо мухолифонаш, аз ин равиш ба кор мегирад. Зиндонӣ кардани:

— Шоҳида Маҳмадҷонова ба хотири фаъолияти писараш (маъруф ба Абдураҳмон 09);

— Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов;

— Саидумар Саидов ва Абдуллоҳи Шамсиддин, писар ва хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов;

— Бародарон ва бастагони Толиб Аёмбеков аз ҷумла бародаронаш Рашид Аёмбеков, Аноятшо Аёмбеков, писаронаш Ғуломалӣ Абдураҳмонов ва Ҳасаналӣ Абдураҳмонов, бародарзодаҳояш Мамадамон Аёмбеков ва яке дигар;

— Бастагон ва наздикони Мамадбоқир Мамадбоқир аз ҷумла Тоҳир Мамадбоқиров, Акрам Мамадбоқиров ва ғайра;

— Наздикони Улафатхоним Мамадшоева аз ҷумла бародараш Хурсанд Мамадшоев;

— Бастагони Ниёзшо Гулобов аз ҷумла Азим Гулобов ва Аслан Гулобов;

— Бародарон Шоишириновҳо аз ҷумла Имумназар Шоиширинов ва Умед Шоиширинов;

— Бастагон ва наздикони Холбаш Холбашев аз ҷумла Сарбаланд Холбашев, Саидаброр Шодавлатов, Иброз Шодавлатов, Азиз Шодавлатов ва ғайра;

— Хонаводаи Замировҳо дар ноҳияи Рӯшон аз ҷумла Наҷиб Замиров ва Орзу Замиров;

— Афлотун ва Самсон Зарифбековҳо;

— Бастагони Ёдгор Ғуломҳайдаров аз ҷумла бародараш Фаромӯз Ғуломайдаров;

— Бастагони Хурсанд Мазоров аз ҷумла Мумтоз Мазоров;

— Бастагони Илҳомҷон Ёқубов аз ҷумла бародараш Фаррух Ёқубов;

— Наздикон ва бастагони Муҳаммадҷон Нурӣ аз ҷумла Нурулло Саидов, Нусратулло Саидов, Муҳибулло Нуридинов, Сайвалӣ Ризоев, Зурибек Хоҷаев, ки албатта ин ду охирӣ озод шудаанд;

— Бастагони Ҳоҷӣ Ҳалим Назаров аз ҷумла бародаронаш…

… ва ғайра аз садҳо бегуноҳон, ки танҳо ба ин ҷиҳат ба муддатҳои тӯлонӣ ва дар баъзе маворид ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, ки онҳо аз пайвандони яке аз мухолифони ҳукумат ба шумор меравад.

КШНГЗС бори дигар зиндонӣ шуданӣ Аслиддин Шариповро шадидан маҳкум ва тақозо мекунад, дар сареътарин замон озодаш кунанд. Албатта КШНГЗС ба вазифаи худ амал мекунад ва ба ҳар созмон ва ниҳоди давлатӣ, ки дар амри озод сохтани ин азиз ёрӣ медиҳанд, муроҷеа хоҳад кард.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС)

30 июли 2024

Варшава, Поланд

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баёнияи Ҳамос дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳания
Сайре дар сираи набавӣ – I

Матолиби пурбоздид