Баёнияи Фармондеҳии марказии Омрико дар бораи ҳамла ба Бағдод

Баёнияи Фармондеҳии марказии Омрико (Centcom) дар бораи ҳамла ба Бағдод

Ахбори байналмилал

Фармондеҳии марказии Омрико мавсум ба Centcom – ки дар Эрон ба унвони созмони теруристӣ эълом шудааст – ба шаҳодат расондани як фармондеҳи гурӯҳи муқовамати Катоиби Ҳизбуллоҳ дар ҳамлаи теруристӣ ба Бағдодро таъйид кард.

Centcom бо судури баёнияе дар пойгоҳи расмии худ гуфт, ки низомиёни ин кишвар дар соати 21:30 шомгоҳи чаҳоршанбе (ба вақти маҳаллӣ) ҳамлаи якҷонибаеро дар Бағдод анҷом доданд.

Дар ин баёния омадааст, ки “як фармондеҳи гурӯҳи Катоиби Ҳизбуллоҳ, ки масъули ҳидоят ва мушорикат дар ҳамалот алайҳи нерӯҳои омрикоӣ дар минтақа буд”, дар ин ҳамла кушта шудааст.

Ин созмон бо таҳдид ба идомаи “иқдомоти зарурӣ барои ҳифозат аз нерӯҳояш” дар Ироқ, мегӯяд: “Мо дар посухгӯ кардани касоне, ки амнияти нерӯҳоямонро ба хатар биандозанд, тардид намекунем.”

Гуфтанист, пеш аз ин, манобеъи ироқӣ, шомгоҳи чаҳоршанбе аз ҳамлаи паҳподҳои ношинос ба як худрави ғайринизомӣ дар шарқ Бағдод хабар дода буданд, ки ба дунболи он, гузоришҳое аз шаҳодати чанд нафар дар бархе расонаҳо мунташир шуд.

Соати баъд гурӯҳи муқовамати Катоиби Ҳизбуллоҳ дар баёнияе таъйид кард, ки Абӯбоқир ал-Соъидӣ, аз фармондеҳони аршад ин гурӯҳ ва созмони Ҳашди шаъбӣ, дар ин ҳамлаи Омрико ба шаҳодат расидааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман: “Терури шаҳид ал-Соъидӣ, таҷовуз ба тамоми мардуми Ироқ аст”
Терури ду фармондеҳи барҷастаи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ

Матолиби пурбоздид