Баёнияи Эрон дар маҳкумияти ҳамлаи низомии Исроил алайҳи Қатар

Баёнияи Эрон дар маҳкумияти ҳамлаи низомии Исроил алайҳи Қатар

Ахбори байналмилал

Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи низомии режими саҳюнистӣ алайҳи Қатар ва талош барои терури раҳбарони фаластиниро ба шиддат маҳкум ва эълом кард: “Давлати Омрико ва соири ҳомиёни таслиҳотӣ ва молӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ ҳамдаст ва шарики ҷиноёти он маҳсуб шуда ва бояд дар қиболи ҷиноёт ва қонуншиканиҳои мустамарри ин режим посухгӯ бошанд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар пайи ҳамлаи низомии режими саҳюнистӣ алайҳи Қатар, Вазорати умури хориҷаи Эрон баёнияе қодир кард.

Дар ин баёния омадааст: “Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдоми ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи низомӣ алайҳи Қатар ва талош барои терури раҳбарони фаластиниро ба шиддат маҳкум мекунад ва шаҳодати ҷамъе аз шаҳрвандони фаластинӣ ва қатарӣ дар ҷараёни ин таҷовузро таслият мегӯяд.”

Ин баёния меяфзояд: “Ин ҳамлаи теруристӣ, ки нақзи фоҳиши усули Маншури Милали Муттаҳид ва қоидаҳои бунёдини ҳуқуқи байналмилал ва таҷовузи ошкор алайҳи ҳокимият ва тамомияти арзии Қатар аст, нишонаи ошкори дигаре аз моҳияти хатарнок ва теруристии режиме аст, ки ҳамзамон бо наслкушӣ ва куштор дар Фаластини ишғолӣ, доманаи таҷовузоти худро ба кулли минтақа густариш дода ва сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳонро бо таҳдиде бесобиқа мувоҷеҳ сохтааст.”

Дар ин баёния унвон шудааст: “Бидуни тардид, давлати Омрико ва соири ҳомиёни таслиҳотӣ ва молӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ ба унвони ҳамдаст ва шарики ҷиноёти ин режим маҳсуб шуда ва бояд дар қиболи ҷиноёт ва қонуншиканиҳои мустамарри ин режим посухгӯ бошанд.”

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози ҳамбастагӣ ва ҳимоят аз давлат ва мардуми Қатар дар баробари таҷовузи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ, бар зарурати таваҷҷӯҳи фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва соири ниҳодҳои зисалоҳи байналмилалӣ нисбат ба ин иқдоми таҷовузкорона таъкид карда ва хостори иқдоми амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа барои маҳори ҷангафрӯзии режими саҳюнистӣ ва таваққуфи наслкушӣ дар Фаластини ишғолӣ аст.

Гуфтанист, баъд аз зуҳри имрӯз садои чандин инфиҷори маҳиб, пойтахти Қатарро ларзонд ва артиши режими саҳюнистӣ низ дар баёнияе, аз амалиёти терури раҳбарони Ҳамос, ки дар Қатар ҳузур доштанд, хабар дод.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷузъиёти ҳамлаи Яман ба Исроил
Баёнияи расмии Ҳамос

Матолиби пурбоздид