Баёнияи Ҳамос ба муносибати маросими видои шаҳидон Насруллоҳ ва Сафиюддин

Баёнияи Ҳамос ба муносибати маросими видои шаҳидон Насруллоҳ ва Сафиюддин

Байналмилал

Ҳамос дар баёнияе эълом кард: “Сайидҳасан Насруллоҳ то замони шаҳодат, бар ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва дифоъ аз мардуми Ғазза таъкид дошт.”

Ба гузориши хабаргузории Anadolu, ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) бо судури баёнияе эълом кард: “Дар рӯзи видоъи бузург бо ду раҳбар шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва Сайидҳошим Сафиюддин, ба арвоҳи поки онҳо адои эҳтиром мекунем ва мавозеъи мустаҳками онон дар ҳимоят аз Фаластин ва шаҳодати бузурги онон дар роҳи Қудсро ёдовар мешавем.”

Ҳамос баён кард: “Мо бо ду шаҳиди бузург ва ду дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва шаҳид Сайидҳошим Сафиюддин видоъ мекунем ва дар ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) як бори дигар ба мардуми Лубнон ва умуми уммати арабӣ ва исломӣ таслият арз карда ва аз Худованди Мутаъол мехоҳем ба хонавода ва бародарони онҳо дар муқовамати исломӣ ва миллатҳои муқовамат дар тамоми ҷаҳон сабр ато намояд.”

Дар ин баёния омадааст: “Дар ин рӯзи бузург мавозеъи шуҷоъона ва шарофатмандонаи шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва пойбандии усулӣ ва устувори вай ба масъалаи Фаластин ва исрори эшон бар ташкили ҷабҳаи пуштибонӣ аз мардуми навори Ғазза дар баробари таҷовузоти ваҳшиёнаи саҳюнистӣ ва ҷанги наслкушӣ ва таҳдидоти ишғолгарони фошист алайҳи онҳоро ёдовар мешавем, ки то замони шаҳодат, ки орзуи онро дошт, ба он пойбанд буда ва дар дифоъ аз каромати уммат ва озодии Қудс ба шаҳодат расид.”

Ҳамос баён кард: “Таъкид мекунем, ки ҷиноёти ишғолгарони саҳюнист ва амалиёти буздилонаи онҳо дар терури фармондеҳони муқовамат дар Фаластин ва Лубнон ва ҳар нуқтаи дигаре, ҳаргиз идомаи ин масири муборакро мутаваққиф нахоҳад кард ва танҳо бар исрори мо ба паймудани роҳи фармондеҳон ва раҳбарони шаҳид то решакан кардани ишғолгароне, ки тамоми минтақаро таҳдид мекунанд ва ҳамчунин бозпасгирии сарзамин ва муқаддасот то поксозии он аз саҳюнистҳои ғосиб меафзояд.”

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати маросими видои шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва Сайидҳошим Сафиюддин
Видоъ бо Сайид

Матолиби пурбоздид