Баёнияи Ҳамос дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳания
Ахбори байналмилал
Дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷабҳаи муқовимати исломии Фаластин ба номи Ҳамос, ин ҷабҳаи муқовимат баёнияе содир кард.
Ба гузориши ТоҷикПресс, дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷабҳаи муқовимати исломии Фаластин ба номи Ҳамос, ин ҷабҳа баёнияе содир кард.
Дар баёнияи Ҳамос омадааст:
Ҷабҳаи муқовимати исломӣ дар суги фарзандони миллати бузурги Фаластин, уммати арабӣ-исломӣ ва ҳамаи озодагони ҷаҳон аст.
Раҳбари шаҳиди муҷоҳид, Исмоил Ҳания пас аз ширкат дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури ҷадиди Эрон, бар асари ҳамлаи хоинонаи саҳюнистҳо ба маҳалли истиқоматиаш дар Теҳрон ба шаҳодат расид.
Қаламонлайн