Бемористонҳои даврони ибтидоии ислом

Таърих
Бемористонҳои даврони ибтидоии ислом
Пешгоми дармонҳое монанди ҷарроҳии чашм ва мусиқидармонӣ дар сарзаминҳои исломӣ
Мақолае дар нашрияи Middle East
Дар ҳоле, ки юнониён маъобиди шифобахш ва румиён бемористонҳои низомиро доштанд, пешинаи ҷадидтаре барои бемористони модернро метавон дар Ховари Миёнаи қуруни вусто ёфт. Он чи эрониён ва арабҳо ба он “бемористон” ё “дорушшифо” мегуфтанд, таваллуди ниҳод ва андешае буд, ки пизишкӣ ва беҳдоштро мутаҳаввил сохт. Ин вожа, ки аз форсӣ гирифта шудааст, аз калимаи “бемор” ва пасванди “истон” ба маънои маҳал аст. Бинобар ин, бемористон дар луғат ба маънои маҳалли беморон аст.
Урупои масеҳӣ имконоте барои пазириши беморон дар савмаъаҳо дар ихтиёр дошт, аммо он чи шинохта шуда ин аст, ки ҷаҳони ислом дар қуруни вусто системи густурдае барои дармони беморон дошт, ки бо бемористонҳои модерн қобили муқоиса аст. Аввалин намунаи исломӣ аз чизе шабеҳ ба бемористонҳо, ба замони паёмбари ислом бозмегардад; замоне, ки зане ба номи Руфайда ал-Асламия дар ҷараёни ҷанги Хандақ дар соли 627, як маркази дармониро роҳандозӣ кард. Баъдан, ин мафҳум аз як бемористони мутаҳаррик, ба воҳидҳои бузург ва ихтисосӣ, ки дар марокизи шаҳрҳо дар саросари ҷаҳони ислом муҷаҳҳаз ба гиёҳони доруӣ, дорухонаҳо ва бо пизишкони тамомвақт таъмин буд, таъмим ёфт.
Як мактаб (мадраса), бемористон ё ҳаммоми умумӣ, на танҳо ба иртиқои сатҳи зиндагии мардуми оддӣ кӯмак мекард, балки ба унвони амали хайрия қаламдод мешуд, ки ба ночор боиси маҳбубияти бештари ҳукмронон шуда буд.
Аввалин бемористони бузург дар соли 706 мелодӣ дар Димишқ таъсис шуд ва пас аз он дар чандин шаҳри дигар дар шаҳрҳои Ғарнота (Гренада), Қоҳира ва Бағдод дар замони ҳукумати Ҳорун ал-Рашид – халифаи машҳури аббосӣ таъсис шуд. Тибқи гузоришҳо, то поёни қарни 15-уми мелодӣ мусалмонони Қуртуба ба танҳоӣ байни 40 то 50 бемористон доштанд.
Муроқибатҳои беҳдоштии ройгон
Он чи ин муассисотро бисёр муҳим ва мунҳасир ба фард месохт он буд, ки ин бемористонҳо дар ҷаҳони ислом дар он замон муроқибатҳои беҳдоштӣ дар сатҳи ҷаҳониро бидуни ҳеч ҳазинае ба бемор ироа мекарданд. Ҳар беморе бидуни таваҷҷӯҳ ба нажод, дин, мазҳаб, ҷинсият ё навъи беморӣ аз ҷумла бемориҳои равонӣ ва бемориҳои сирояткунанда, пазируфта мешуд.
Муассисоти дармонӣ илова бар доро будани бахшҳои ҷудогона ба манзури дармони бемориҳои мухталиф, беморонеро, ки аз изтироб ранҷ мебурданд ё алоими нороҳатии равониро нишон медоданд (яъне девонаҳоро) низ бо ҳамон фаврияти беморони мубтало ба бемориҳои ҷисмонӣ таҳти дармон қарор дода буданд. Ин нукта аз он рӯ қобили таваҷҷӯҳ аст, ки саломати равон танҳо дар солиёни ахир дар пизишкии ғарбӣ ба унвони мавзӯъе ҷиддӣ қаламдод шуда ва пештар ин гуна набуд.
Беморон ва ҳамчунин коркунони бемористон, мусалмон, яҳудӣ ё масеҳӣ буданд ва ҳадди аксар 28 пизишк дар ҳар бемористон ҳузур доштанд. Дар аксари бемористонҳо дорухонаҳое вуҷуд доштанд, ки доруҳоро аз манотиқи дурдаст монанди Ҳинд ворид ва арза мекарданд. Будҷаи аксари бемористонҳо аз тариқи кӯмакҳои хайрия ё вақф (мавқуфот) таъмин мешуд. Замоне, ки вақф сурат мегирифт, қарордоди қонунӣ танзим мешуд, ки шароитеро барои фаъолияти бемористон қайд мекард, то итминон ҳосил шавад, ки дарҳои онҷо бар рӯйи тамоми афроди ниёзманди дарёфти дармон ва муроқибат, боз бошад.
Дар пойтахтҳои бузурги фарҳангии он рӯзгор аз ҷумла Бағдод, Димишқ ё Фос табақаи ҳоким ва ашроф эҳсоси таъаҳҳуд нисбат ба эҷоди ниҳодҳое ба нафъи мардуми оддӣ доштанд.
Бемористони Нуруддин дар Димишқ, ки тавассути султони силсилаи зангиён – Нуруддин Зангӣ таъсис шуд, намунае хуб аз як бемористони қарни дувоздаҳумӣ аст, ки талошҳои густурдаеро, ки султон барои ҷалби ризояти шаҳрвандон анҷом дода нишон медиҳад. Дар таърих зикр шуда, ки ӯ фарди зоҳид буд ва аз дарёфти подоши футуҳоташ чашмпӯшӣ мекард ва дар иваз, аз ғаноими ҷангӣ барои сохтани масоҷид, мадорис, бемористонҳо ва корвонсароҳои мутаъаддид истифода кард.
Ҳамчунин, дар шаҳри қадимии Фос дар Марокаш, нишонаҳое аз бемористони мунҳасир ба фард ва муҳимми дигарро метавон ёфт. Мористони Сайидӣ Фараҷ, ки дар соли 1286 мелодӣ тавассути Юсуф ибни Яъқуб – аз шогирдони Закариёи Розӣ таъсис шуд, то соли 1944 ба унвони як осоишгоҳ барои фуқаро ва беморони равонӣ (девонахона) амал мекард ва онро ба яке аз тӯлонитарин муассисот дар навъи худ дар таърих табдил кард.
Он марказ на танҳо ба беморони инсонӣ хадамот ироа медод, балки амалкарди аҷибе дошт ва ба унвони бемористоне ба манзури парасторӣ аз парандагони бемор ва маҷрӯҳ низ фаъолият мекард. Фаъолияти чунин хайрияе барои инсонҳо ва ҳайвонот бидуни кӯмакҳои молӣ аз сӯйи эҳдокунандагони сарватманд ва қудратманд имконпазир набуд. Бемористонҳо дар шимоли Офриқо ва Ховари Миёна бисёр пешрафта ва маҳбуб буданд, ба гунае, ки беморон ва донишмандон аз саросари ҷаҳон барои дармон ва омӯзиш сафарҳои тӯлониро анҷом дода ва ба онҷо мерафтанд. Барои мисол, Ибни Рушд – донишманди андалусӣ, Қуртубаро тарк кард, то дар яке аз шаҳрҳои Марокаш ба тадрис бипардозад.
Анвои дармон
Бемористонҳо дар тӯли қуруни вусто, дар хатти муқаддами пешрафтҳои пизишкии пешгом қарор доштанд аз ҷумла пешрафт дар ҷарроҳӣ, мутолеоти ташреҳ (оператсия) ва бемориҳо ва тамаркуз бар шароити камтар қобили мушоҳида монанди ихтилолоти равонӣ.
Ҷарроҳии чашм (ба вежа оби марворид) яке аз бузургтарин достонҳои муваффақияти тибби исломӣ буд ба тавре, ки Абулқосим ал-Заҳровӣ, аҳли Андалус, ки аз чандин тахассус бархӯрдор буд ва падари ҷарроҳии модерн қаламдод мешавад, доиратулмаъорифи (энсиклопедияи) 30 ҷилдӣ дар бораи иқдомоти пизишкӣ навишт, ки дар Урупо то қарни 18-уми мелодӣ мавриди истифода қарор мегирифт.
Бемороне, ки аз бемориҳои равонӣ ранҷ мебурданд (яъне девонаҳо), бо равишҳои ҷадид ва мубтакирона дармон мешуданд.
Ғайр аз ин, аз фазо ва муҳит низ ба унвони абзоре дармонӣ ба ҷойи дору истифода мешуд. Дармон бо истифода аз нури фаровон, садоҳои зебо (олоти мусиқӣ ва садои оби ҷорӣ), ҳавои тоза ва муколама шойеъ буд.
Қоидаи бемористонҳо ин буд, ки ҳеч беморе то замоне, ки шифо пайдо намекард, мураххас намешуд.
Тарроҳӣ ва макони бемористонҳо калидӣ буд. Барои мисол, Дорушшифои Салҷуқиро мешуд дар дохил ё наздики боғҳо ёфт ва аз оромиши мавҷуд дар табиат барои кӯмак ба дармон истифода кард.
Яке аз дорушшифоҳои маъруф дар шаҳри Эдирна дар шимоли ғарбии Туркия буд, ки тавассути султон Боязиди дуввум сохта шуд. Абъоди бузург ва чидамони печидае, ки онҷо дошта нишон медиҳад, ки дар он давра илми равонпизишкӣ то чӣ андоза ҷиддӣ қаламдод мешуд. Он дорушшифо хориҷ аз маҳдудаи шаҳр таъсис шуда буд ва барои дармон ба шиддат аз садо парҳез мешуд, бинобарин, бояд дур аз шулуғии пойтахти собиқи усмонӣ қарор мегирифт. Ногуфта намонад, ки зебосозӣ яке аз аносири зарурии дорушшифоҳо ва бемористонҳо буд. Барои он ки бемориҳои равонӣ ба дурустӣ дармон мешуданд, ниёз ба ташхиси возеҳ вуҷуд дошт.
Ибни Сино – донишманди пизишк ва файласуфи қарни даҳуми мелодӣ, талош кард, то бо бемориҳое, ки пештар нодида гирифта шуда буданд, ба вежа бо дардҳои муртабит бо ишқ мувоҷеҳ шуда буданд, дармоне барои он биёбад. Ӯ то ҷойе пеш рафт, ки равонпареширо мустақил аз соири шароити саломати равон таъриф кард. Маъруфтарин асари доиратулмаъорифии ӯ таҳти унвони “Қонун дар тибб” барои беш аз ҳазорон сол беназир боқӣ монд ва то қарни 18-ум ба донишҷӯёни пизишкӣ дар саросари ҷаҳон омӯзиш дода шуд.
Абӯзайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ – аз донишмандон ва фалосифаи эронии қарни 9-ум, дар ниме аз сафаҳоти рисолааш ба бемориҳои равонӣ пардохтааст. Ӯ дар рисолаи худ истидлол карда, ки бемориҳои равоншинохтӣ агар на беш аз бемориҳои ҷисмӣ, балки ба андозаи он аҳаммият доранд ва бояд дармон шаванд.
Балхӣ бо афсурдагӣ, изтироб ва ҳатто ихтилоли васвоси фикрӣ, ки дар охирҳои қарни 20-ум дар ғарб ба унвони як бемории воқеӣ шинохта шуд, сару кор дошт. Ӯ ҳамчунин афсурдагиро ба ду навъ: муҳитӣ ва биоложикӣ тақсим кард ва барои ҳар як, дармонҳои мутафовитеро пешниҳод намуд.
Бад-ин тартиб, беҳдошти равонӣ ҷиддӣ гирифта шуд ва ҷудо аз амали имонии мӯъмин қаламдод шуда буд ва ин тасаввур, ки беморӣ ношӣ аз гуноҳони бемор аст (чунон ки дар ғарб роиҷ буд)-ро аз байн бурд.
Мусиқидармонӣ
Мусиқӣ дар бисёре аз маҳофили андешаи исломӣ ба вежа тасаввуф, амре илоҳӣ қаламдод шудааст. Абӯнасри Форобӣ – файласуф ва назарияпардози мусиқӣ дар қарни 9-ум, рисолае дар бораи мусиқӣ навишт ва вежагиҳои кайҳонии онро ироа кард ва дар мавриди таъсироти дармонии он бар руҳу ҷисм баҳс намуд. Ӯ тавзеҳ дод, ки мусиқӣ чӣ гуна метавонад эҳсосотро эҳё ё барҷаста созад ва ин вазъият боис мешавад адами таъодул ислоҳ шуда ва таъодули беморро дар бадан, зеҳн ва руҳ дубора барқарор созад. Ҳар ҳолат метавонад эҳсосоти мухталифе монанди ризоят, роҳатӣ, ғам, тарс, хоболудагӣ ва чандин ҳолати дигарро барангезад.
Сипас Форобӣ маҷмӯаи печидае аз усули риёзиро дар китоби “Китоб ал-мусиқӣ ал-кабир” (Китоби бузурги мусиқӣ) созмондиҳӣ кард, ки пояе барои шеваҳои мусиқидармонии мусалмонон гардид ва ҳамчунин шеваҳои мусиқӣ-пизишкии даврони аввалияи урупои модерн буд. Усмониҳо шеваҳои мусиқиро барои дармони бемориҳои хосс табақабандӣ ва созмондиҳӣ карданд: бархе аз ҳолот барои афроде, ки аз фалаҷ ранҷ мебаранд, бархе дигар барои бемориҳои дастгоҳи идрорӣ ва бархе дигар барои бехобӣ ва дарди по муфид қаламдод мешуданд. Барои мисол, онон нишон доданд, ки чӣ гуна метавон аз мусиқӣ ва садодармонӣ барои дармони бемориҳои равонӣ ва ҷисмӣ истифода кард.
Бемористонҳо, дар канори дармон, ба унвони маҳалли ибодат низ амал мекарданд. Бисёре аз бемористонҳо дар муҷовират ё ба унвони муҷтамаъҳои бузург сохта мешуданд, ки мадраса, китобхона ва масҷидро шомил мешуд.
Middle East Eye
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ…
Чаро эҳтимол дорад Путин дубора ба Тромп кумак кунад?

Матолиби пурбоздид