Беобрӯии бузург; ё ғофилгирии Путин

Таҳлили хабарӣ

Беобрӯии бузург; ё ғофилгирии Путин

Ҷоду алайҳи ҷодугар…

“Ин, ҳазинаи таҷовуз ва ишғолгарӣ аст. Таҷовузи низомӣ барои густариши марзҳои кишвар, бар хилофи гузашта, дигар на қобили ифтихор аст, на арзишманд, балки мавҷе аз табаъоти манфиро ҷалб мекунад…”

Таҳлиле бисёр хонданӣ аз Ризо Ғубайшовӣ дар сойти Асри Эрон:

Русия ва ҷаҳон шанбеи аҷибу ғариберо таҷриба карданд. Шанбее аз ҷинси шӯриш ва кудато ва ғофилгирӣ ва аслиҳа… Шанбее, ки ҳамаи тасаввуроти зеҳнӣ аз Русия ва артиш ва Путинро баҳам рехт ва таваҷҷӯҳҳоро аз ҷанг дар Укройн, ба тамарруди мусаллаҳона дар Русия мунҳариф кард.

Зарбулмасали арабӣ мегӯяд:

انقلب السحر علی الساحر

“Ҷоду алайҳи ҷодугар бозгашт”. Гурӯҳи низомии “Вогнер” чун асои сеҳромезе дар дасти Путин буд, то дар кишварҳои мухталиф махфиёна дахолати мусаллаҳона мекард ва муъодилоти низомиро ба суди худ ва ҳампаймононаш тағйир медод, ҳоло аммо ин асои сеҳромез ончунон қавӣ шуда, ки дар баробари ҷодугар қад алам кард ва Путин ва артиши Русияро беобрӯ сохт.

Беобрӯӣ барои Путин ва артиш ва давлати Русия, бузургтарин иттифоқ ва натиҷаи ҳаводиси шанбе буд. Беобрӯие, ки бузургтар ва муҳимтар аз шикасти низомӣ дар ҷабҳаи ҷанг буд. Гарчӣ дар майдон ҳам низомиёни “Вогнер” тавонистанд бо контроли чанд шаҳри Русия аз ҷумла Ростов бидуни ҳеч даргирӣ, сарнагунии ду болгард ва ҳавопаймои ҷангии артиши Русия ва ҳаракати бидуни монеъ ба самти Маскав, шикасти майдонро ҳам ба Путин ва артиши Русия таҳмил кунанд.

Иттифоқоти шанбе садои таҳқири Путин ва артиши Русияро ба ҷаҳон мухобира кард. Садое, ки дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда натоиҷи онро хоҳем дид.

Достони шанбеи Русия чӣ буд?

Нерӯҳои ширкати русии паймонкории низомии “Вогнер” аз бомдоди шанбе ба шаҳрҳои ҷануби Русия ҳамла ва талош карданд ба Маскав бирасанд, аммо бо миёнҷигарии Белорус мунсариф шуданд. Онҳо бо тӯпу тонк аз ҷануби Русия ба самти Маскав ҳаракат карданд ва то фосилаи 200 километрии пойтахт ҳам расиданд, аммо музокироти телефонии Лекашенко, раиси ҷумҳури Белорус ва раҳбари “Вогнер”, натиҷа дод ва нерӯҳои ин ширкат ақибнишинӣ кунанд. Дар ин тавофуқ қарор шуд раҳбар ва нерӯҳои “Вогнер” аз пайгирии қазоӣ масуният дошта бошанд ва шахси раҳбари “Вогнер” яъне Евгений Пригожин ҳам ба Белорус мунтақил шавад. Ин тавофуқ дорои бахшҳои эъломнашудае аст, ки дар рӯзҳои оянда ҷузъиёти он буруз хоҳад кард.

“Вогнер” номи як ширкати русии артиши хусусӣ ва паймонкории низомӣ ва фаъолияти мусаллаҳона аст. Нерӯҳои ширкат ё ҳамон муздурон, дар муқобили дарёфти пул меҷанганд. Ширкат ҳам бо давлатҳо ё тарафҳои мухталиф қарордод имзо мекунад ва ба суди онҳо вориди ҷанг мешавад.

Нерӯҳои ин ширкат дар ҳоли ҷанг алайҳи Укройн буданд, аммо бо артиши Русия дучори ихтилоф шуданд ва тасмим гирифтанд алайҳи давлат ва Вазорати дифои Русия иқдом кунанд. Ба ҳамин далел аз саҳнаи ҷанги Укройн баргаштанд ва чанд шаҳри муҳим дар ҷануби Русияро тасарруф карданд, албатта тасарруф ба осонӣ анҷом шуд ва муқовимати муҳимме эълом нашуд. Онҳо хоҳони истеъфо ва канорагирии вазири дифои Русия ҳастанд, чаро ки мӯътақиданд, тасмимоти иштибоҳи вазири дифоъ боиси талафот ва осеби зиёде ба “Вогнер” ва Русия шудааст.

Моликият ва раҳбарии “Вогнер” бар ӯҳдаи фардест ба номи Евгений Пригожин, фаъоли иқтисодӣ, ки робитаи бисёр наздике бо Путин дорад. Ӯ қаблан аз тариқи ширкатҳои тиҷорӣ аз ҷумлаи таҳияи ғизо, ба Кремлин ва шахси Путин наздик шуд ва ба ошпази Путин ҳам машҳур шуд. Вай мӯътақид аст, Путин дар ҷанги Укройн аз сӯи фармондеҳони артиши Русия фиреб хӯрдааст.

“Вогнер” қабл аз ин, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба сурати аланӣ ва ғайри аланӣ вориди ҷангҳои дохилӣ шуд. Усулан “Вогнер” бозуи низомии ғайрирасмии Маскав ба шумор меравад, то Маскав ба дур аз масъулияти ҳуқуқӣ–сиёсӣ дар кишварҳои мухталиф ба дахолати низомӣ бипардозад. Ҷадидтарини он ҳам, дахолат дар ҷанги дохилии Судон ва ҳимояти “Вогнер” аз низомиёни женерол Ҳамидтӣ аст. Дар Судон, Либӣ, Молӣ, Буркину Фосу ва дигар кишварҳо, савобиқе аз ҳузур ва фаъолияти “Вогнер” вуҷуд дорад.

Сиёсат – дунёи ғофилгирӣ

Сиёсатро ба ҷоддае ташбеҳ мекунанд, ки ҳар лаҳза мумкин аст ҳодисае ҷадид ва ғофилгирона рух диҳад, масалан гове, ки бемуқаддима васати ҷодда мепарад ё ҷоддае соф, ки ногаҳон мепечад. Сиёсат чун ҷоддае соф ва хатти мустақим нест, ки ҳама чиз аз қабл пешбинӣ ва баровард шуда бошад. Гоҳе ногаҳон ҷодда мепечад ва ин ҷост, ки ҳама чизро бо худаш тағйир медиҳад.

Таърихи сиёсат мамлув аз ҷоддаҳое аст, ки ногаҳон печиданд ва сиёсатмадороне, ки напечиданд. Аз инқилоби Русия дар соли 1917 ва сарнагунии тезор то кудатои 1991 артиши Шӯравӣ ва таҷзия ва таваллуди 15 кишвар ҷадид, аз ҳамла ба Берлин ва сарнагунии Ҳитлер то тасарруф Макка ва Мадина ба дасти Оли Сауд ва сарнагунии ҳукумати ҳошимиҳо баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Аввал ва фурӯпошии усмонӣ, аз кудато дар Бағдод ва сарнагунии Файсали дуввум ва поёни подшоҳӣ ва оғози ҷумҳурӣ, аз ҳамлаи Русия ва Англис ба Эрон дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва барканорӣ ва табъиди таҳқиромези Ризохон то кудатои 28 мурдод ва хуруҷи Муҳаммадризо Паҳлавӣ аз кишвар дар 26 дейи 57 то эъломи бетарафии артиш дар субҳи 22 баҳмани 57 ва сарнагунии ҳукумати шоҳаншоҳӣ дар ҳамон рӯз…

Таърихи сиёсат пур аст аз иттифоқоти ғофилгиркунанда, ки ҳамаро ангушт ба даҳон мекунад, мисли иттифоқоти Русия, ки аз бомдоди шанбе шурӯъ шуд ва ҷаҳонро шигифтзада кард. Фикр мекунам, худи мардуми Русия ҳам мутааҷҷиб шуданд, шояд ҳатто Путин ҳам тааҷҷуб кард ва шок шуд… Хулоса, ин ки ҳар чи бештар мегузарад, бештар тааҷҷуб мекунем; ин ки чӣ гуна шаҳри муҳимми Ростов дар ҷануби Русия бе сару садо ва бидуни садои як тир ба дасти нерӯҳои ширкати низомии хусусии “Вогнер” афтод?… Чӣ гуна хиёбонҳо ва марокизи низомии ин шаҳр ба сайтараи “Вогнер” даромад? Шаҳри Ростов пулис ва артиш надорад, ки ҷилави онҳоро бигирад? Чӣ гуна мошинҳои ҳомили тонк ва худравҳои зиреҳии “Вогнер” аз Ростов ба самти Маскав бо суръат дар ҳоли ҳаракат буданд ва касе дар ин ҷодда ҷилави онҳоро нагирифт? Ва даҳҳо суоли дигар, ки феълан ҷавобе барои онҳо нест… Магар ин ки посухро дар қурбонӣ кардани қонун ва демукросӣ дар Русия ҷустуҷӯ кард… Дар бастани даҳони расонаҳо ва рӯзноманигорон ва таҳлилгарони мустақил ҷустуҷӯ кард… Дар саркӯби озодӣ ва фаъолони сиёсӣ–маданӣ ва аҳзоб ва анҷуманҳо ҷустуҷӯ кард… Дар кишварҳои бастаи сиёсӣ, иттилоърасонии ҳаводиси ғофилгиркунанда бештар рух медиҳад.

Русия, бомби атомӣ дорад. Бузургтарин (паҳновартарин) кишвари ҷаҳон аст. Яке аз се кишвари бузурги тавлидкунандаи нафти ҷаҳон ва бузургтарин тавлидкунандаи гози дунёст. Дуввумин артиши бузурги ҷаҳонро дорад. Сафинаи фазоӣ ва ҳавопаймо ва зердарёӣ месозад. Русия, таърихи амиқ ва адабиёте пурифтихор дорад, аммо ҳеч як монеъ намешавад Путин ғофилгир нашавад… Ҳеч як монеъ намешавад Маскав бо ҳамла ва муҳосира рӯ ба рӯ нашавад… Чун ҳукмронӣ ниёзманди ҳикмат, қонун, садоқат ва шаффофият аст. Чун ҳукмронӣ ниёзманди иттилоърасонии воқеӣ ва тамоюзи воқеият аз таблиғот аст.

Ҳаракат ба самти пойтахт

Навъи ибтикори “Вогнер” барои ҳаракат аз шаҳри Ростов дар ҷануби Маскав ба самти Маскав бо фосилаи 1100 километрии 12-соата ёдовари ҳаракатҳои мушобеҳе дар таърих аст… Дар 29 исфанди 1381 ҳам артиши Омрико бо вуруд ба хоки Ироқ аз марзи ҷанубӣ, Кувайт 20 рӯз баъд ба Бағдод расид ва ҳукумати Саддом суқут кард. Ёдовари ҳаракати шаҳр ба шаҳри Толибон ба самти Кобул аст дар соли 1400 (шамсӣ) вақте пушти дарвозаҳои шаҳр расиданд Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур фирор кард ва Толибон ба роҳатӣ ба Кобул расиданд ва ҳукуматро ба осонӣ гирифтанд.

Маскави шанбе, лаҳазоти сарнавиштсозеро таҷриба кард; лаҳазоте аз ҷинси ибҳом ва суол… Ин ки чӣ мешавад?… Лаҳазоте аз ҷинси нигаронӣ барои зебоиҳои Маскав… Барои рӯдхона ва муҷассамаҳояш… Барои аҳолӣ ва калисоҳои рангиаш… Барои Майдони Сурх ва сохтмонҳояш…

Нигаронӣ аз ҷинси ҳамоне, ки ду сол қабл барои Киев доштем… Вақте артиши Русия ба чанд километрии шаҳр расид… Аз ҷинси нигароние, ки барои Кобул доштем, вақте Толибон дар 1400 ба наздикиаш расид… Нигаронӣ барои Троблус вақте инқилобиюни Либӣ дар соли 2011 ба наздикаш расиданд… Барои Тунис вақте хабари фирори Зайнулобидин бен Алӣ мунташир шуд… Барои Бағдод, вақте низомиёни омрикоӣ ба фурудгоҳ расиданд… Албатта ин охирӣ бар хилофи бақия, аз ҷинси ҳамлаи хориҷи буд… Шабеҳи суқути Кувайт дар ҳамлаи саддомиён… Вақте хабараш аввали субҳ мунташир шуд ва ҳамаро ғофилгир ва нигарон кард.

Чаро “Вогнер” мӯътариз шуд?

Дар ҷанги Укройн, нерӯҳои ширкати “Вогнер” дар канори артиши Русия алайҳи Укройн меҷангиданд ва дар саҳнаҳои муҳимме мисли шаҳри Бохмут тавонистанд Укройнро шикаст диҳанд ва шаҳрро комилан ишғол кунанд, аммо чаро “Вогнер” ва раҳбарашон алайҳи артиши Русия эътироз кард ва ихтилоф ба вуҷуд омад?

Чун камбуди таҷҳизот ва иштибоҳоти фармондеҳони Русия боиси талафоти густурда дар нерӯҳои артиши ин кишвар ва низомиёни “Вогнер” шуд, аммо ба далели сонсур ва баста будани фазо, фармондеҳони артиш, на теъдоди талафот ва далели онро эълом мекарданд ва на расонаҳо ва хабарнигорони озод вуҷуд доранд, ки иштибоҳотро кашф ва табаоти марговари онро мунташир кунанд.

Дар натиҷа, фармондеҳони артиши Русия ба роҳатӣ ба иштибоҳоти низомии худ идома медиҳанд, камбуди таҷҳизоти низомӣ ба вуҷуд меояд ва шумори бисёре аз низомиёни рус кушта мешаванд, аммо дар бораи ширкати “Вогнер” ин гуна нест. Ин ширкат ҷамъе аз зубдатарин ва моҳиртарин нерӯҳои худро дар ҷанги Укройн аз даст додааст, ба ҳамин далел ин мавзӯъ ба лиҳози молӣ ва вазъияти нерӯи инсонӣ, ширкатро дар мавқеияти баде қарор дода ва мудири ширкатро асабонӣ кардааст.

Ба назар мерасад, дар артиши Русия талафот ва ҳазинаҳои ҷонӣ ва моддӣ аҳамияти чандоне надорад, ин дар ҳолест, ки барои як ширкати низомӣ ин мавзӯъ ба шиддат муҳим аст.

Чӣ гуна “Вогнер” роҳат ба самти Маскав ҳаракат кард?

Нерӯҳои “Вогнер” рӯзи шанбе ба роҳатии тамом аз шаҳри Ростов ба самти Маскав ҳаракат карданд, бидуни ҳеч монеи ҷиддӣ. “Вогнер” субҳ то зуҳри шанбе албатта як ҷанганда ва як болгарди артиши Русияро сарнагун кард. “Вогнер” анвои таҷҳизоти низомӣ аз ҷумла зиддиҳавоӣ ва тонк ва нафарбар ва худравҳои зиреҳӣ дорад.

Дар бораи ин ки чӣ гуна мумкин аст чунин чизе рӯй диҳад, метавон чанд ҳадс ва таҳлил матраҳ кард:

1) Нахуст ин ки миёни “Вогнер” ва фармондеҳони артиш ё устондорон ё мақомоти аршади давлати миллӣ ҳамоҳангии мустақим ё ғайримустақим ба вуҷуд омадааст. Чаро ки то кунун ҳеч мақоми низомии Русия мавзеъгирӣ накарда ва аз Путин ба унвони раиси кишвар ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ эъломи ҳимоят накарданд.

Нерӯҳои низомии зермаҷмӯаи давлат, яъне пулис ва горди миллӣ ҳам аз вокуниш худдорӣ кардаанд. Ин ки шояд ба амд иҷоза доданд “Вогнер” бе дарди сар ба самти Маскав ҳаракат кунад, то ҳушдоре ҷиддӣ ба Путин бидиҳанд ё вазири дифоъ ба унвони олитарин мақоми низомии кишварро ҳадаф қарор диҳанд. Дар футбол вақте бозикунони як тим аз сармураббӣ норозӣ бошанд, ба амд бад мебозанд ё бад гол мехӯранд, то сармураббӣ зери суол биравад ва заминаи барканорӣ ё фишор бар ӯ фароҳам шавад.

2) Дуввум ин ки гурӯҳи “Вогнер” бо хушшонсии тамом дар замоне даст ба шӯриш ва ҳаракат задаанд, ки ҳамаи низомиён ва давлатиҳо аз дасти Путин хаста шудаанд ё аз “Вогнер” тарсидаанд ва ба тамошогар табдил шудаанд, то бибинанд чӣ мешавад.

3) Севвум ин ки артиши Русия қодир ба даргирӣ ва саркӯби низомии гурӯҳи “Вогнер” набуд, чаро ки дар ин сурат вориди ҷанги дохилии тамомаёр мешуд ва ин мавзӯъ на танҳо тамаркузи ҷангро аз Укройн ба дохил мунтақил мекунад, балки нафси ҷанги дохилӣ худ шикасти бузургтаре барои Русия хоҳад буд. Ҳамалоти болгарди артиши Русия ба “Вогнер” ва сарнагунии он, нишонаи ин мавзӯъ аст.

4) Чаҳорум ин ки Путин ва мақомоти ӯ бо гурӯҳи “Вогнер” дар ҳоли музокира буданд, то ба тавофуқ бирасанд ва монеъ аз бурузи ҷанг ва даргирӣ ва ҷанги дохилӣ шаванд, ба ҳамин далел аз бархӯрди низомӣ бо корвони низомии “Вогнер” худдорӣ карданд. Ин гузина амалан рӯй дод. Дар ҳоле, ки нерӯҳои “Вогнер” дар фосилаи 200 километрии Маскав буданд, хабари муваффақияти музокироти телефонии раиси ҷумҳури Белорус миёни Путин ва раҳбари “Вогнер” мунташир шуд.

Ин ки Путин барои муқобила бо шӯриши мусаллаҳонаи нерӯҳои “Вогнер” нахоста ё натавониста мавзӯъро низомӣ ҳаллу фасл кунад ва маҷбур шуда аз тариқи миёнҷигарии кишвари ҳамсоя истифода кунад, бо равиши Путин ҳамхон нест, ки агар буд, ҷанги Укройн рух намедод. Ин иттифоқот, беш аз он ки нишони сулҳталабӣ ва ақлонияти ӯ бошад, нишонае аз заъф ва нотавонӣ аст.

Агар музокирот ва миёнҷигарии Белорус натиҷа намедод, чӣ мешуд?

Ҳоло чанд эҳтимол:

1) Ё артиши Русия бо наздик шудани корвони “Вогнер” ба Маскав, онҳоро мавриди ҳадаф қарор медод ва нобуд мекард. Ин ба маънии даргирии дохилӣ аст ва ҳатто дар сурати нобудии комили корвони “Вогнер”, аммо боз ҳам ҷанги дохилӣ ва даргирии низомии дохилӣ рӯй дода буд ва шикасти бузурге барои Русия ба шумор меомад. Ин гузина рух надод.

2) Ва ё нерӯҳои “Вогнер” вориди Маскав мешуданд ва Маскавро тасарруф ва артиш ва низомиёни Русия ҳам сукут мекарданд ва вокунише нишон намедоданд ё вокуниш нишон медоданд, аммо тавассути “Вогнер” саркӯб мешуданд. Нерӯҳои “Вогнер” метавонистанд ба Кремлин бирасанд ва Путинро сарнагун кунанд ё ӯро ба тағйири вазири дифои Русия ва иҷрои иқдомоти дархостӣ водор кунанд. Ин иттифоқ рӯй надод. Ин гузина камтар дар зеҳни касе нақш баст. Тақрибан ҳеч кас ҳатто тасаввур намекард корвони “Вогнер” битавонад масири Маскавро тай кунад, чӣ бирасад ба ин ки ба наздикии пойтахт ҳам бирасад.

Миёни Путин ва раҳбари “Вогнер” музокироти ғайримустақим аз тариқи Лекашенко, раиси ҷумҳури Белорус анҷом шуд ва ду тараф ба тавофуқ расиданд. Ба гуфтаи раҳбари “Вогнер”, корвони “Вогнер” аз фосилаи 200 километрии Маскав бозгашт.

Ин мавзӯъ нишон дод, Путин ва давлати Русия ҳеч барномае барои бархӯрд ва саркӯби “Вогнер” надошт ё барномаҳо судовар набуд, дар ғайри ин сурат даст ба домани раиси ҷумҳури Белорус ва музокироти ғайримустақим бо раҳбари “Вогнер” намешуд. Албатта ҳамин, ки музокирот натиҷа дод ва инсонҳои камтаре кушта шуданд ва Маскав ҳам мисли Киев даргири ҷанг ва нобудӣ нашуд, иттифоқи хубе аст ва нишонае аз ақлонияти нисбӣ назди Путин ва раҳбари “Вогнер”.

Шикаст дар тасаввури Путин

Путин ва Русия ва тасвири онҳо дар афкори умумии минтақа ва ҷаҳон, дар ин моҷаро шикаст; шикасти бузургтар аз нокомӣ дар тасарруфи пойтахти Укройн. Як обрӯрезии тамомаёр барои Путин, ки аксаш бо бадани бараҳна ва варзида дар ҳоли моҳигирӣ ё тирандозӣ ба унвони марди шуҷоъ достонҳо аз сӯи ҳаводоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мешуд, аммо шанбе дар кохи Кремл пинҳон ва мунтазир монд, то музокироти сарони Белорус ва “Вогнер”, ӯ ва Маскавро аз балои бузург наҷот диҳад.

Он чи чанд рӯз қабл ба унвони ҷук гуфта мешуд, ки артиши Русия на танҳо дар дунё дуввум аст, балки дар Укройн ва ҳатто дар кишвари худаш ҳам дуввум аст, воқеият ёфт. Артиши Русия дар баробари чанд ҳазор нерӯҳои низомии як ширкати хусусӣ таслим шуд ва Маскав бедифоъ монд. Аз се рӯзи ахир, вазири дифои Русия – касе, ки “Вогнер” алайҳи ӯ шӯрид, ҳеч мавзеъгирӣ надошт. Ин, обрӯрезии бузург барои давлати Русия буд, ки натавонист шароитро пешбинӣ ва бо шӯриш муқобила кунад.

Ҷанг дар хоки Русия; наздики Маскав

Артиши Русия ба фармони Путин дар исфанди 1400 шамсӣ, ҷанги низомии бузургеро алайҳи Укройн оғоз кард. Бо ин иддао, ки бояд монеъ аз ҳамалот ва ҷанги оянда алайҳи Русия шуд. Аммо ҳоло чӣ иттифоқе афтод? Ҷанг ба умқи Русия рафт ва Маскав дар маърази ҷанг қарор гирифт.

На танҳо Русия натавонист Киевро тасарруф ва ҳукумати Укройнро сарнагун кунад; на танҳо ҷанг ба суръат тамом нашуд ва 1,5 сол тӯл кашид ва ҳамчунон идома дорад, балки ҳоло ҷанг ба даруни хоки Русия кашида шуд ва артиши дуввуми дунё аз сӯи низомиёни ширкати хусусӣ таҳқир ва манкуб шуданд. Ҳоло ҷанг ба Маскав расид, он ҳам на тавассути артиши Укройн, балки ба дасти низомиёни рус. Артиши хусусии Путин, ки рӯзе рӯзгоре дар ҷой-ҷойи ҷаҳон барои манофеи Кремл меҷангид, ҳоло дар масири Маскав ҷоддаҳоро дарнавардид ва тарсро ба сокинони пойтахт таҳмил ва Маскавро аз ҳолати оддӣ хориҷ кард.

Агар ду сол қабл дар бораи суқути Киев ва сарнавишти Зеленский дар ҳамлаи Русия гумоназанӣ мешуд, имрӯз сарнавишти Маскав ва Путин маҳалли гумоназанӣ дар баробари ҳамлаи “Вогнер” буд.

Ҳазинаи таҷовуз ва ишғолгарӣ

Путин то қабл аз ҳамла ба Укройн дар соли 1400-и шамсӣ, ба унвони як раиси ҷумҳури мӯҳтарам ва мардумии Русия дар шароити оддӣ ба зиндагии худ идома медоданд, аммо таҷовузгарӣ ба қасди ишғоли хоки дигарон ва густариши масоҳати кишвар, боис шуд шароит барои Путин ва масъулон ва мардуми Русия тағйир кунад.

На Путин эҳтироми байналмилалӣ ва ҷаҳонии қаблиро дорад ва на шароит барои мақомоти Русия мисли қабл аст. Ҳоло мақомоти Русия бояд аз як сӯ ба дунболи тавҷеҳи ҳамлаи низомӣ ва таҷовуз ва ишғоли хоки дигарон бошанд ва аз сӯи дигар бо бештарин таҳримҳои таърих дасту панҷа нарм кунанд. Ҳоло мардуми Русия, ки то қабл аз ин машғули зиндагии оддӣ буданд, даргири шароити ғайриоддӣ ҳастанд ва Маскав дар маърази ҳамлаи шӯришиёни низомӣ қарор гирифт.

Ин, ҳазинаи таҷовуз ва ишғолгарӣ аст. Таҷовузи низомӣ барои густариши марзҳои кишвар, бар хилофи гузашта, дигар на қобили ифтихор аст, на арзишманд, балки мавҷе аз табаоти манфиро ҷалб мекунад.

Манбаъ: сойти Асри Эрон, asriran.com

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳлиле бисёр дақиқ аз Лук Ҳординг (Luke Harding) дар Guardian
“Вагнер зарбаи худашро ба эътибори Русия ворид кард” 

Матолиби пурбоздид