Бе ишқи ту шеъри ман шиор аст…
Аз Девони Гулрухсор
Рафтӣ, рафтӣ, нагуфтаҳо дар дил монд,
Аз меҳани нангу ор мушти гил монд.
Қотил ба муроди сияҳи хеш расид,
Дар гардани Қобил, хуни Ҳобил монд.
***
Ман пайкари бегазанди ному насабам,
Ман душмани ҷовидони ториву шабам.
Аз ҷисми Масеҳ мех хоҳам чидан,
Дар ҳифзи паёми хақ ба мижгону лабам.
***
Эй рафта, зи норафта суроғат кардам,
Эй хирмани бедона чи бодат кардам?!
Монандаи умри рафта аз ман рафтӣ,
Монандаи умри рафта ёдат кардам!
***
Шукронаи ошиқона боз омаданат,
Шамсонаву орифона боз омаданат.
Бе ишқи ту шеъри ман шиор аст, шиор,
Шукронаи аз фасона боз омаданат.
Аз “Девон”-и Гулрухсор
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн