Бидон куҷо ҳастӣ
Сабки зиндагӣ
Ором фақир мешавӣ, агар надонӣ куҷои роҳӣ.
Фақру тангдастӣ ҳамеш або гуруснагӣ шурӯъ намешавад.
Фақр ғолибан бо одатҳои кучак, вале хатарнок оғоз мешавад.
Ҳамон одоте, ки зоҳиран безараранд, аммо дар сукут зиндагиатро нобуд мекунад.
На, ҳеҷ кас якшаба фақир намешавад.
Аммо вақте рӯз ба рӯз, иродаат заиф мешавад, мағзат хомӯш мемонад, ангезаат мемирад, ту бидуни ин ки бифаҳмӣ, дар ҳоли табдил шудан ба нусхаи беарзише аз худат ҳастӣ.
Инҳо душманони хомӯши ту ҳастанд:
1 – Субҳатро беҳадаф оғоз кунӣ
Аз хоб бедор мешавӣ, аммо бедор намешавӣ: на барномае, на ҳадафе, на ҳатто як тасмими қотеъ.
2 – Телефон мағзатро мехӯрад
Ҳар рӯз чандин соат, мағзатро бо тафреҳу саргармии муфт месӯзонӣ ва баъд мегӯӣ: чаро ман муваффақ намешавам?
3 – Аҳли омӯзиш нестӣ, аммо ҳамеша интизор дорӣ пулдоршаваӣ
Оё имкон дорад бидуни ёдгирӣ, даромадат бештар шавад?
Ҳаргиз.
4 – Пулҳоятро харҷи чашму ҳамчашмӣ ва таҷаммулоти беҳуда мекунӣ
Либос, телефон, хӯрокиҳои гарноқимат… барои чӣ?
То собит кунӣ, ки чизе ҳастӣ, ки нестӣ!
5 – Мунтазири касе ҳастӣ, ки наҷотат диҳад
Ҳеҷ кас намеояд. На давлат, на хешовандон ва дӯстат.
Ту бояд худатро бикашӣ боло – ҳатто агар ҳама аз ту рӯй гардонданд.
6 – Одамҳои атрофат худбохтаанд.
Мардуми заиф энержиатро медузданд.
Дидӣ ҳар бор ки аз рӯъёҳоят ҳарф мезанӣ, масхараат мекунанд? Хуб, чаро ҳануз бо онҳо нишастаӣ?
7 – Тарс, дар тасмимҳоят ва иродаат фармондеҳ аст
Тарс аз шикаст, тарс аз доварии дигарон, тарс аз ҳарфу ҳадиси дигарн, тарс аз шурӯъ…
Ту мурдаӣ, на чун ҷисмат хаста аст, балки чун шаҳоматат дафн шудааст.
Аммо ҳоло вақти бархостан аст!
Қаламонлайн