Билохира бояд табиӣ ҷилва кунад!
Таҳлили танзгунаи Сайидалиакбар
-Доиш-ро Эрон сохта аст!
– Э аҷаб, пас чаро ин ҳама сол бо Доиш ҷангид?
– Чун битавонад сунниҳоро кушшад!
– Хуб пас Доишро сохт, ки ӯро нобуд кунад?
– Бале
– Пас чаро ин ҳама шаҳид дод барои мубориза бо Доиш?
– Билохира бояд табиӣ ҷилва кунад!
– Магар амрикоиҳо Доишро насохта буданд?
– Чаро ун ҳам дуруст аст!
– Хуб билохира Эрон сохт ё Амрико?
– Ҳам Эрон ва ҳам Амрико!
– Оҳо, хуб пас чаро ин қадар Эрону Амрико бо ҳам душманӣ мекунанд?
– Аслан Амрикоро ҳам Эрон сохта аст!
– Хуб Ҷ.И.Эрон 45 сол шуд ҳаст, Амрико 300 сол, чи хел мешавад?
– Эрон қаблаш онро сохта буд.
– Пас чаро ин қадар эрониҳо тавассути Амрико шаҳид шуданд?
– Билохира бояд табиӣ ҷилва кунад!
-Аҳа! Дуруст, хуб ба ҳар ҳол боз худоро шукр, Эрон ҳадди ақал бо Исроил душман аст.
– Не ин ҳам дурӯғ аст, онҳо бо ҳаманд!
-Аҷаб, чи хел охӣ?
– Исроилро ҳам Эрон сохтааст, магар намедонӣ?
– Аҷаб, хуб яъне онро сохтааст, ки бо ӯ биҷангад фақат?
– Бале вале ҳадафаш куштани сунниҳост!
– Охӣ пас чаро ҳам гурӯҳи суннӣ ва ҳам шиаро ҳамзамон алайҳи Исроил ҳимоят мекунад?
– Билохира бояд табиӣ ҷилва кунад!
– Охир аслан чаро бояд табиӣ ҷилва кунад??
– Чун мехоҳад сунниҳоро фиреб диҳад!
– Хуб, пас мехоҳад фиреб кунад ва кушад, магар мешавад ин қадар роҳат фиреб хуранд?
– На бархе афроди хосро мехоҳанд фиреб кунанд.
– Киҳоро мехоҳад фиреб кунад?
– Бархе тоҷикҳоро…
– Аҷаб пас Эрону Амрикову Исроилу хулоса кулли дунё даст ба ҳам додаанд то ҳамин чанд нафарро фиреб даҳанд, мошоаллоҳ ин афрод чи қадар муҳиманд!
– Бале бале, билохира бояд табиӣ ҷилва кунад!
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидалиакбар)
Қаламонлайн