Боздиди Абдуллозода – вазири тандурустии Тоҷикистон аз оромгоҳи Фирдавсӣ
Хабарҳои илмӣ-фарҳангӣ
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба шаҳри Машҳад сафар намуда, аз оромгоҳи Абулқосим Фирдавсӣ боздид намуда ва бо Муҳаммадалии Киёнӣ – раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад мулоқот намудааст.
Дар ин мулоқот, тафоҳумномаи байни Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ва Донишгоҳи пизишкии Абуалӣ Синои Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳошияи имзои ин тафоҳумнома изҳор кард: Кишвари Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон дорои иштирокоти забонӣ ва фарҳангии бисёре аст ва ин боиси ифтихор аст, ки заминаҳои ҳамкории илмӣ ва омӯзишӣ миёни ин ду кишвар низ густариш пайдо кунад.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн