Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Итолиё ба гумони терроризм ва узвият дар ДОИШ

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Итолиё ба гумони терроризм ва узвият дар ДОИШ

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Азия-Плюс, ба нақл аз хабаргузории ANSA, пулиси Итолиё дар шаҳри Рум, як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро ба гумони терроризм ва узвият даргуруҳи террористии ДОИШ боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, ин шахс Илҳом Сайраҳмонзода ном дошта, ҳангоми вуруд аз Эйндҳовени Ҳолланд дар фурудгоҳи Фюмичинои Рум боздошт шудааст.

Ба иттилои пулиси Итолиё, боздоштшуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ҷурми ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия, дар соли 2014, таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натавон забони мардум бастан
Ҳалқаи оташи Эрон

Матолиби пурбоздид