Бонки Ҷаҳонӣ: Иқтисоди Тоҷикистон бо коҳиш рӯбарӯ хоҳад шуд
Ахбори иқтисодӣ
Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисодии Тоҷикистонро дарҳолиши коҳиш тавсиф намуда, далели ин коҳиши иқтисодиро кам шудани маблағҳое донистаат, ки муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди Тоҷикистон воид менамуданд.
Бар асоси ин гузориш, Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба далели коҳиши маблағҳои ирсолӣ аз тарафи муҳоҷирони корӣ, ба панҷ дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки ин маблағ дар соли 2022 ҳашт дарсадро ташкил медод.
Инчунин дар ин гузориш омадааст, ки муҳоҷират дар соли гузашта ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфт, аммо пас аз эъломи басиҷ дар Русия, ин раванд аз моҳи сентябр рӯ ба коҳиш ниҳод.
Бар асоси натиҷагирии коршиносони ин бонк, саҳми хонаводаҳои дорои муҳоҷир дар нимаи аввали соли 2022 аз 42 дарсад то 50 дарсад афзоиш ёфтааст, аммо сипас ба таври пайваста бо коҳиш рӯбарӯ шудааст.
Ҳамчунин дарин гузориш зикр шудааст, ки 80 дарсади ҳаволаҳои ирсолӣ ба Тоҷикистон бо муҳоҷирони корӣ дар Русия муртабит аст, ки бинобар ин гузориш, теъдоди муҳоҷирони корӣ ҳудуди як миллион нафарро ташкил медиҳад.
Бонки Рушди Осиё гузорши кардааст, дар қаламрави Русия беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, кор ва фаъолият доранд, ки тобеияти русӣ доранд.
Бахши хабарии Қаламонлайн