Бояд ба маишати мардум расидагӣ шавад
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ба зиндагии мардум ва ҳамчунин инзиботи бозор ва қиматҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ шавад”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар дидор бо раиси ҷумҳури ин кишвар ва ҳайати вазирон, аз ҷумла гуфт:
“Масъалаи маишати мардум, яке аз муҳимтарин масоили кишвар аст. Ҳамон тавр, ки оқои раиси ҷумҳур ишора карданд, то мардум битавонанд теъдоде аз колоҳои асосӣ, ҳудуди 10 қалам ё андаке камтарро бидуни дағдағаи афзоиши қимат таҳия кунанд. Яъне шароит ба гунае бошад, ки қимати ин колоҳо имрӯз як адад бошад ва фардо ба далел таваррум, дубаробар ё бештар нашавад”.
Вай афзуд: “Дар ин замина, бархе коршиносон аз тарҳи колобарги электронӣ сӯҳбат мекунанд. Касоне, ки аҳли фан ва муталлеъ ҳастанд, ин равишро таъйид мекунанд. Банда шахсан дар ин мавзӯъ вуруде надоштаам, аммо ба назар мерасад, ки бояд ба таври ҷиддӣ ба он пардохт.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки зерсохти лозим барои иҷрои колобарги электронӣ дар кишвар вуҷуд дорад ва метавон аз он истифода кард, то тартибе иттихоз шавад, ки мардум битавонанд наздик ба 10 қалам колои асосиро бо қимати собит ва бидуни нигаронӣ таҳия кунанд. Ин низ як тавсияи муҳим дар ҳавзаи маишат аст.”
Вай афзуд: “Дар мавриди соири колоҳо низ бояд инзиботи бозор барқарор шавад. Мардум набояд эҳсос кунанд, ки бозор раҳо шудааст. Ин ки имрӯз як қимат вуҷуд дорад ва фардо бо ихтилофи аҷиб афзоиш меёбад, ё қиматҳо дар нуқоти мухталиф мутафовит аст, нишонае аз беназмӣ ва раҳошудагии бозор аст. Чунин вазъияте, ба руҳияи мардум осеб мезанад ва набояд иҷоза дод ин эҳсос дар ҷомеа шакл бигирад”.
qalamonline.net
Қаламонлайн