Бояд ба ҳақиқат рӯ овард

Таърих

Бояд ба ҳақиқат рӯ овард

Номаи таърихии Имом Хумайнӣ ба Горбачев

Агар ба фаротар аз ин миқдор фикр мекунед, аввалин масъалае, ки мутмаиннан боиси муваффақияти шумо хоҳад шуд ин аст, ки дар сиёсати аслофи (гузаштагони) худ доир бар “Худозудоӣ” ва “динзудоӣ” аз ҷомеа, ки таҳқиқан бузургтарин ва болотарин зарбаро бар пайкари мардуми кишвари Шуравӣ ворид кардааст, таҷдиди назар намоед ва бидонед, ки бархӯрди воқеӣ бо қазоёи ҷаҳон ҷуз аз ин тариқ муяссар нест…

 

Дар моҳи январи соли 1989, Имом Хумайнӣ (р), поягузори Инқилоби Исломӣ дар Эрон, номае навишт ба раҳбари вақти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР), Михаил Горбачев.

Имом Хумайнӣ дар ин нома, ки тавассути ҳайате ба раҳбарии Оятуллоҳ Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ба дасти Горбачёв расид, ӯро ба тавҳид ва раҳоӣ аз моддигарӣ даъват ва бо ишора ба фупӯпошии қариби Шӯравӣ, мақомоти ин кишварро аз афтодан ба доми Ғарб барҳазар дошт.

Инак, матни ин нома:

 

Бисмиллоҳир Раҳманир Раҳим

Ҷаноби оқои Горбачёв, садри ҳайати раисаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шуравӣ.

Бо умеди хушбахтӣ ва саодат барои шумо ва миллати Шуравӣ, аз он ҷо ки пас аз рӯйи кор омадани шумо чунин эҳсос мешавад, ки ҷаноби олӣ дар таҳлили ҳаводиси сиёсии ҷаҳон, хусусан дар робита бо масоили Шуравӣ, дар даври ҷадиде аз бознигарӣ ва таҳаввул ва бархӯрд қарор гирифтаед ва ҷасорату густохии шумо дар бархӯрд бо воқеиёти ҷаҳон чи басо маншаи таҳаввулот ва мӯҷиби баҳам хӯрдани муодилоти феълии ҳоким бар ҷаҳон гардад, лозим дидам нукотеро ёдовар шавам.

Ҳарчанд мумкин аст ҳитаи (қаламрави) тафаккур ва тасмимоти ҷадиди шумо танҳо равише барои ҳалли муъзалоти ҳизбӣ ва дар канори он, ҳалли порае аз мушкилоти мардуматон бошад, вале ба ҳамин андоза ҳам шаҳомати таҷдиди назар дар мавриди мактабе, ки солиёни сол фарзандони инқилобии ҷаҳонро дар ҳисорҳои оҳанин зиндонӣ намуда буд, қобили ситоиш аст.

Ва агар ба фаротар аз ин миқдор фикр мекунед, аввалин масъалае, ки мутмаиннан боиси муваффақияти шумо хоҳад шуд ин аст, ки дар сиёсати аслофи (гузаштагони) худ доир бар “Худозудоӣ” ва “динзудоӣ” аз ҷомеа, ки таҳқиқан бузургтарин ва болотарин зарбаро бар пайкари мардуми кишвари Шуравӣ ворид кардааст, таҷдиди назар намоед ва бидонед, ки бархӯрди воқеӣ бо қазоёи ҷаҳон ҷуз аз ин тариқ муяссар нест.

Албатта мумкин аст, аз шеваҳои носаҳеҳ ва амалкарди ғалати қудратмандони пешини коммунизм дар заминаи иқтисод, боғи сабзи дунёи Ғарб рух бинамояд, вале ҳақиқат ҷойи дигаре аст. Шумо агар бихоҳед дар ин мақтаъ танҳо гиреҳҳои кӯри иқтисодии сотсиализму коммунизмро бо паноҳ бурдан ба конуни сармоядории Ғарб ҳал кунед, на танҳо дарде аз ҷомеаи хешро даво накардаед, ки дигарон бояд биёянд ва иштибоҳоти шуморо ҷуброн кунанд; чаро ки имрӯз агар марксизм дар равишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба бунбаст расидааст, дунёи Ғарб ҳам дар ҳамин масоил, албатта ба шакли дигар ва низ дар масоили дигар, гирифтори ҳодиса аст.

Ҷаноби оқои Горбачёв! Бояд ба ҳақиқат рӯ овард. Мушкили аслии кишвари шумо масъалаи моликият ва иқтисод ва озодӣ нест. Мушкили шумо адами эътиқоди воқеӣ ба Худост. Ҳамон мушкиле, ки Ғарбро ҳам ба ибтизол ва бунбаст кашида ё хоҳад кашид. Мушкили аслии шумо муборизаи тӯлонӣ ва беҳуда бо Худо ва мабдаи ҳастӣ ва офариниш аст.

Ҷаноби оқои Горбачёв! Барои ҳама равшан аст, ки аз ин пас, коммунизмро бояд дар музейҳои таърихи сиёсии ҷаҳон ҷустуҷӯ кард; чаро ки марксизм ҷавобгӯи ҳеч ниёзе аз ниёзҳои воқеии инсон нест; чаро ки мактабест моддӣ ва бо моддият наметавон башариятро аз бӯҳрони адами эътиқод ба маънавият, ки асоситарин дарди ҷомеаи башарӣ дар Ғарбу Шарқ аст, бадар овард.

Ҳазрати оқои Горбачёв! Мумкин аст шумо исботан дар баъзе ҷиҳот ба марксизм пушт накарда бошед ва аз ин пас ҳам дар мусоҳибаҳо эътиқоди комили худатонро ба он иброз кунед, вале худ медонед, ки субутан ин гуна нест. Раҳбари Чин аввалин зарбаро ба коммунизм зад ва шумо дуюмин ва алаззоҳир охирин зарбаро бар пайкари он навохтед. Имрӯз дигар чизе ба номи коммунизм дар ҷаҳон надорем.

Вале аз шумо ҷиддан мехоҳам, ки дар шикастани деворҳои хаёлоти марксизм, гирифтори зиндони Ғарб ва шайтони бузург нашавед. Умедворам, ифтихори воқеии ин матлабро пайдо кунед, ки охирин лояҳои пӯсидаи ҳафтод соли кажии ҷаҳони коммунизмро аз чеҳраи таърих ва кишвари худ бизудоед.

Имрӯз дигар давлатҳои ҳамсӯ бо шумо, ки дилашон барои ватан ва мардумашон метапад, ҳаргиз ҳозир нахоҳанд шуд беш аз ин манобеъи зеризаминӣ ва рӯизаминии кишварашонро барои исботи муваффақияти коммунизм, ки садои шикастани устихонҳояш ҳам ба гӯши фарзандонашон расидааст, масраф кунанд.

Оқои Горбачёв! Вақте аз гулдастаҳои масоҷиди баъзе аз ҷумҳуриҳои шумо пас аз ҳафтод сол бонги “Аллоҳу акбар” ва шаҳодат ба рисолати ҳазрати Хатмимартабат — саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам — ба гӯш расид, тамоми тарафдорони исломи ноби муҳаммадӣ (с)-ро аз шавқ ба гиря андохт, аз ин рӯ лозим донистам ин мавзӯро ба шумо гӯшзад кунам, ки бори дигар ба ду ҷаҳонбинии моддӣ ва илоҳӣ биандешед.

Моддиюн меъёри шинохт дар ҷаҳонбинии хешро ҳисс дониста ва чизеро, ки маҳсус набошад, аз қаламрави илм берун медонанд ва ҳастиро ҳамтои модда дониста ва чизеро, ки модда надорад, мавҷуд намедонанд. Қаҳран ҷаҳони ғайб — монанди вуҷуди Худованди Таъоло ва ваҳй ва набувват ва қиёмат — ро яксара афсона медонанд.

Дар ҳоле, ки меъёри шинохт дар ҷаҳонбинии илоҳӣ, аъамм аз ҳисс ва ақл мебошад ва чизе, ки маъқул бошад, дохил дар қаламрави илм мебошад, гарчӣ маҳсус набошад. Аз ин рӯ ҳастӣ, аъамм аз ғайб ва шаҳодат аст ва чизе, ки модда надорад, метавонад мавҷуд бошад. Ва ҳамон тавр, ки мавҷуди моддӣ ба муҷаррад истинод дорад, шинохти ҳиссӣ низ ба шинохти ақлӣ муттакӣ аст. Қуръони Маҷид асоси тафаккури моддиро нақд мекунад ва ба онон, ки бар ин пиндоранд, ки Худо нест вагарна дида мешуд –

لَن نُؤمِنَ لَکَ حَتّی نَرَی اللَّهَ جَهرَةً

— мефармояд:

لَا تُدرِکُهُ الأبْصارُ وَهُوَ یُدْرِکُ الأبْصارَ وَهو اللَّطِیفُ الْخَبِیرُ

Аз Қуръони азизу карим ва истидлолоти он дар мавориди ваҳй ва набувват ва қиёмат бигзарем, ки аз назари шумо аввали баҳс аст, усулан майл надоштам шуморо дар печу тоби масоили фалосифа, бахусус фалосифаи исломӣ биандозам. Фақат ба яке ду мисоли соддаву фитрӣ ва ваҷдонӣ, ки сиёсиюн ҳам метавонанд аз он баҳрае бибаранд, басанда мекунам.

Ин аз бадеҳиёт аст, ки модда ва ҷисм ҳар чи бошад, аз худ бехабар аст. Як муҷассамаи сангӣ ё муҷассамаи моддии инсон ҳар тарафи он аз тарафи дигараш маҳҷуб аст. Дар сурате, ки ба аён мебинем, ки инсон ва ҳайвон аз ҳамаи атрофи худ огоҳ аст; медонад куҷост, дар муҳиташ чӣ мегузарад, дар ҷаҳон чӣ ғавғоест.

Пас, дар ҳайвон ва инсон чизи дигаре аст, ки фавқи модда аст ва аз олами модда ҷудост ва бо мурдани модда намемирад ва боқӣ аст.

Инсон дар фитрати худ, ҳар камолеро ба таври мутлақ мехоҳад. Ва шумо хуб медонед, ки инсон мехоҳад қудрати мутлақи ҷаҳон бошад ва ба ҳеч қудрате, ки ноқис аст, дил набастааст. Агар оламро дар ихтиёр дошта бошад ва гуфта шавад ҷаҳони дигаре ҳам ҳаст, фитратан моил аст он ҷаҳонро ҳам дар ихтиёр дошта бошад. Инсон ҳар андоза донишманд бошад ва гуфта шавад улуми дигаре ҳам ҳаст, фитратан моил аст он улумро ҳам биомӯзад.

Пас қудрати мутлақ ва илми мутлақ бояд бошад, то одамӣ дил ба он бибандад. Он Худованди Мутаъол аст, ки ҳама ба он мутаваҷҷеҳем, гарчӣ худ надонем. Инсон мехоҳад ба “ҳаққи мутлақ” бирасад, то фонӣ дар Худо шавад.

Усулан иштиёқ ба зиндагии абадӣ дар ниҳоди ҳар инсоне нишонаи вуҷуди ҷаҳони ҷовид ва масун аз марг аст.

Агар ҷаноби олӣ майл дошта бошед, дар ин заминаҳо таҳқиқ кунед, метавонед дастур диҳед, ки соҳибони ингуна улум илова бар кутуби фалосифаи Ғарб дар ин замина, ба навиштаҳои Форобӣ ва Буалӣ Сино – раҳматуллоҳи алайҳимо – дар ҳикмати Машшоъ муроҷиа кунанд, то равшан шавад, ки қонуни иллияту маълулият, ки ҳар гуна шинохте бар он устувор аст, маъқул аст, на маҳсус ва идроки маъонии куллӣ ва низ қавонини куллӣ, ки ҳар гуна истидлол бар он такя дорад, маъқул аст, на маҳсус. Ва низ ба китобҳои Сӯҳравардӣ — раҳматуллоҳи алайҳ — дар ҳикмати Ишроқ муроҷиа намуда ва барои ҷаноби олӣ шарҳ кунанд, ки ҷисм ва ҳар мавҷуди моддии дигар ба нури сирф, ки муназзаҳ аз ҳисс мебошад ниёзманд аст. Ва идроки шуҳудии зоти инсон аз ҳақиқати хеш мубарро аз падидаи ҳиссӣ аст. Ва аз асотиди бузург бихоҳед, то ба ҳикмати мутаолияи Садрулмутааллиҳин – ризвонуллоҳи таоло алайҳи ва ҳашараҳуллоҳи маъан-набийини вас-солиҳин – муроҷиа намоянд, то маълум гардад ки: ҳақиқати илм ҳамоно вуҷуде аст муҷаррад аз модда ва ҳар гуна андеша аз модда муназзаҳ аст ва ба аҳкоми модда маҳкум нахоҳад шуд.

Дигар шуморо хаста намекунам ва аз кутуби урафо ва ба хусус Муҳиддин ибни Арабӣ ном намебарам, ки агар хостед аз мабоҳиси ин бузургмард мутталеъ гардед, тане чанд аз хубрагони тезҳуши худро, ки дар ин гуна масоил қавиян даст доранд, роҳии Қум гардонед, то пас аз чанд соле бо таваккул ба Худо, аз умқи латифи бориктар зи мӯйи манозили маърифат огоҳ гарданд, ки бидуни ин сафар, огоҳӣ аз он имкон надорад.

Ҷаноби оқои Горбачёв! Акнун баъд аз зикри ин масоилу муқаддамот, аз шумо мехоҳам дар бораи ислом ба сурати ҷаддӣ таҳқиқ ва тафаҳҳус кунед. Ва ин на ба хотири ниёзи ислом ва муслимин ба шумо, (бал)ки ба ҷиҳати арзишҳои воло ва ҷаҳоншумулии ислом аст, ки метавонад василаи роҳатӣ ва наҷоти ҳамаи миллатҳо бошад ва гиреҳи мушкилоти асосии башариятро боз намояд. Нигариши ҷиддӣ ба ислом мумкин аст шуморо барои ҳамеша аз масаълаи Афғонистон ва масоиле аз ин қабил дар ҷаҳон наҷот диҳад.

Мо мусалмонони ҷаҳонро монанди мусалмонони кишвари худ дониста ва ҳамеша худро дар сарнавишти онон шарик медонем. Бо озодии нисбии маросими мазҳабӣ дар баъзе аз ҷумҳуриҳои Шуравӣ нишон додед, ки дигар ингуна фикр намекунед, ки мазҳаб мухаддири ҷомеа аст.

Ростӣ, мазҳабе, ки Эронро дар муқобили абарқудратҳо чун кӯҳ устувор кардааст, мухаддири ҷомеа аст? Оё мазҳабе, ки толиби иҷрои адолат дар ҷаҳон ва хоҳони озодии инсон аз қайдҳои моддию маънавӣ аст, мухаддири ҷомеа аст?

Оре, мазҳабе, ки васила шавад, то сармояҳои моддӣ ва маънавии кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, дар ихтиёри абарқудратҳо ва қудратҳо қарор гирад ва бар сари мардум фарёд кашад, ки дин аз сиёсат ҷудост, мухаддири ҷомеа аст. Вале ин дигар мазҳаби воқеӣ нест, балки мазҳабе аст, ки мардуми мо онро “мазҳаби омрикоӣ” меноманд.

Дар хотима, сареҳан эълом мекунам, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони бузургтарин ва қудратмандтарин пойгоҳи ҷаҳони ислом, ба роҳатӣ метавонад халаъи эътиқодии низоми шуморо пур намояд. Ва дар ҳар сурат, кишвари мо ҳамчун гузашта, ба ҳусни ҳамҷиворӣ ва равобити мутақобил мӯътақид аст ва онро мӯҳтарам мешуморад.

Вассалому ало ман-иттабаал-ҳудо.

11-дайи 1367 ҳ.ш, 22-ҷамодиюлаввали 1409ҳ.қ. (1-январи 1989)

Руҳуллоҳ Мусавии Хумайнӣ

 Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Марди воқеӣ
Дасти коргар

Матолиби пурбоздид