Боғи Хуҷаста дар Теҳрон шукуфт
Навидҳои фарҳангӣ
“Боғе пур аз шукуфа” тозатарин асари устод Аъзам Хуҷаста, шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори Тоҷикистонро нашриёти “Ноҳунта” дар шаҳри Теҳрон мунташир кард.
Ин маҷмӯа иборат аз 150 сафҳа бо шуморагони 800 нусха, фарогири ғазалҳои шӯрангези шоир аст, ки дар давраҳои мухталиф эҷод шуда ва хонандаро ба оғӯши боғе пур аз шукуфаҳои умеду ишқу орзу ва рӯшанӣ мебарад.
Устод Хуҷаста аз шоирони хуҷастаном ва соҳибсабки Тоҷикистон собиқаи тӯлонӣ ва пурбор дар ҳавзаи шеъру адабиёт дорад.
Ӯ дорандаи Нишони тиллоии Фирдавсӣ (Муассисаи фарҳангии ЭКО, 2011, Эрон), барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (Барои асарҳои “Нолаҳои бод” ва “Омад баҳор бе ту” , 2020, Тоҷикистон) мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шоир Аъзам Хуҷаста, то қабл аз ин асар, 8 маҷмӯаи шеърӣ бо номҳои:
“Соярӯшан”, 2002, Эрон
“Чашмаи зулол”, 2011, Эрон
“Сапедаро салом”, 2014, Тоҷикистон
“Истгоҳи зиндагӣ”- 2016, Тоҷикистон
“Омад баҳор бе ту” 2017, Тоҷикистон
“Нолаҳои бод” 2019, Тоҷикистон
“Нолаҳои бод”, 2020, Эрон
“Ба лутфи ёди ту” , 2021, Тоҷикистон – ро дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир намуда, имрӯз яке аз шоирони матраҳ дар ҳалқаҳои форсигӯи минтақа маҳсуб мешавад.
Ин навидро ба устод ва дӯстдорони адаб муборакбод мегӯем.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн