Бойден ва Макрон: Ба эътирозоти шуҷоонаи мардуми Эрон эҳтиром мегузорем!
Ахбори ҷаҳон
Макрон ва Бойден, руасои ҷумҳури Фаронса ва Амрико дар баёнияи муштарак таъкид намудаанд: Ба эътирозоти шуҷоонаи мардуми Эрон, ки бо ҳадафи таъмини озодиҳои бунёдини онҳо шакл гирифтааст, адои эҳтиром мекунанд.
Дар ин баёния инчунин таъкид шудааст: Амрико ва Фаронса занон ва ҷавононеро, ки барои ба даст овардани ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосияшон, ки ҳукумати Эрон мутааҳҳид ба таъмини онҳо буда, вале дар ҳоли нақзи онҳост, эътироз кардаанд, таҳсин мекунанд.
Фаронса ва Амрико инчунин мутааҳҳид шудаанд, бо ирсоли мушак ва паҳбодҳои Эрон ба Русия ва дигар кишварҳо муқобила хоҳанд намуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн