Буҳрони гуруснагӣ Афғонистонро таҳдид мекунад
Таҳлил
Бар асоси гузоришоти ахири созмонҳои байналмилалӣ, Афғонистон дар шумори гуруснатарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи коршиносон ва таҳлилгарон, ин вазъияти бади Афғонистон натиҷаи ишғоли бистсолаи ин кишвар тавассути Амрико будааст, ки дар ин муддат, на танҳо иқдоме барои ободонӣ ва саботи ин кишвар анҷом нагирифтааст, балки зерсохтҳои аслии он низ ба куллӣ тавассути низомиёни амрикоӣ нобуд гаштааст.
Ахиран низ Амрико кишвари Афғонистонро ба баҳонаи ба қудрат расидани толибон, таҳрим намуда ва ҳудуди даҳ миллиард доллар дороии ин кишварро блок намудааст.
Созмони ҳифозат аз кӯдакон – Save the Children эълон намудааст, беш аз шаш миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳстанд ва аз афзоиши ин рақам бахусус дар байни кӯдакони ин кишвар ҳушдор додааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн