Буҳрон дар мудирият ва ҳукуматҳо

Таърих

Буҳрон дар мудирият ва ҳукуматҳо

Меҳмоншо Шарифзода

Андар балои сахт падид ояд,

Фазли бузургу мардиву солорӣ…

Рӯдакӣ

Имрӯз вазъи фарҳанги-сиёсӣ фоҷеабор аст ва ин мардум ба роҳбаре огоҳ, ба иттиҳод ва ба ҷасорат ниёз доранд. Бале, гуфти абарустод Рӯдакӣ дар ҳамин ҳолатҳо, роҳбарони асл падид хоҳанд омад…

Шоҳидем, ки қавме дар қаринаи Тоҷикистон лофи роҳбарӣ ва пешвоӣ заданд ва мардумро пароканда, фасоду дуздиву дуруғро ниҳодина ва давлатдориро ба нестӣ расониданд ва акнун мардум дарк карда, ки ин қавм ҳеҷ гоҳ мудирият надоштанд ва оянда ҳам наметавонанд ҳукумат кардан ва ин сарзамин ба дигаргунӣ зарурат дорад.

Ҳолатест фоҷеабор ва ин қавм дар чунин ҳолат мехоҳанд интиқолӣ “қудрат” дошта бошанд. Аслан ҳукуматҳои худкома барои дарозтар кардани умри худ чунин ҳолатҳои фавқулодаро ё фитна-фоҷеаҳоро ташкил мекунанд….

Дар ҳамин ҳол мухолифини ин ҳукумати хусусишударо ҷасорат, иттиҳод зарур аст, ки то мардумро ба озодӣ расонида бошанд, вале ҳолатеро мебинем, ки фазои сиёсии мухолифин дар ҳоли буҳрон аст…

Буҳрон падидаест, ки мушкилиҳоро ошкор мекунад ва ба фикрам ҳаракати сиёсии тоҷикон дар хориҷ раванди аз хасу хошок тоза шуданро мегузарад. То ба иттиҳод расидан мухолифони сиёсӣ дар дохил ва хориҷ бояд ҷасорати аз хасу хошок тоза кардани фазои сиёсиро дошта бошанд….

Бубинед дар ҳамин фазои бо ном сиёсӣ ҳар ки дар саҳифаҳои маҷозӣ ҳукуматро ва “бародарони” мухолифи худро бештар таҳқир мекунад худро мусии қавм, сиёсатмадори барҷаста, пешвои нав, муборизи пеши пеш ва роҳбари ‘миллат’ шинохтааст.

Аслан ҳар ки дар сиёсат пухта ва амалгарост, пеш аз ҳама инсони фарҳангист, ҷаҳонбинии солим, фалсафаи равшан, идеологияи созанда дорад. Вале чунон ки зикр кардаем сафи мухолифин (ва тарафдорони ин “ҳукумат “ ҳам) аз мардуме ом, бефарҳанг, ҷинояткору ‘девона’ пур шудааст. Куҷо фикри равшан ва идеология созанда, ки ин қавм адабро фаромуш кардаанд, мавқеъ надоранд ва сӯҳбати дуруст кардан наметавонанд ва ҳар дақиқа бо дурӯғ аз худ ҳимоят кардани мешаванд.

Аз як сӯ, худи бо ном ҳукуматдорони имрузаи Тоҷикистон, ки сахт аз фарҳанг дуранд ва ҳизбу ҳаракатҳои солими ҷомеъаро аз фазои сиёсии сарзамин дур карданд боиси шаклгирии чунин намуди мухолифон гашта, ва аз дигар сӯ, воқеъияти маҷозӣ дар ин навъ мухолифон таъсири сахт дорад ва дар саҳифаи худ ҳар кадом худро пешвоӣ нав медонад…

Дақиқан роҳбари намудан кори на ҳар кас аст ва ин чанд мисраи зер, ки Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд дар рисолае гуфта, шояд муаллиф дигар кас бошад, ин падидаро равшан тасвир мекунад…

На ҳар садаф, ки фуру хурд қатраи борон,

Даруни синаи ӯ гашт ҷои дурдона,

Садаф бибояду, борону баҳру чандин сол,

Ҳанӯз нест муайян, ки мешавад ё на….

Меҳмоншо Шарифзода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Умед
Замон

Матолиби пурбоздид