Вазири дифои собиқи Исроил: “Эрон барои нобудии мо то ду соли оянда барнома дорад”
Ахбори байналмилал
Авигдор Либерман, вазири дифои собиқи Исроил муддаӣ шуд, ки Эрон барномае барои нобудии ин режим тайи ду соли оянда дорад.
Ба гузориши пойгоҳи исроилии i24news, Либерман, ки дар ҳоли ҳозир риёсати ҳизби муҳофизакори “Исроил байтуно” (Исроил, хонаи мо)-ро бар ӯҳда дорад, дар мусоҳиба бо радиои артиши Исроил гуфт: “Мо дар миёнаи барнома Эрон барои нобудӣ (-и Исроил) қарор дорем.”
Либерман дар мусоҳибае ҷудогона рӯзи сешанбе ҳам муддаъӣ шуда буд: “Мо медонем, ки Эрон дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми ҳамлае тамомаёр зарфи ду соли оянда аст, ки дар он кулли меҳвари таҳти ҳимояташ алайҳи Исроил фаъол мешавад.”
Вай дар идома гуфт: “Ҳамалоти шадид аз худи Эрон, аз Лубнон тавассути Ҳизбуллоҳ, аз Ғазза тавассути Ҳамос, аз Сурия тавассути шибҳинизомиён, аз Ироқ тавассути шибҳинизомиён ва аз Яман тавассути Ҳусиҳо анҷом хоҳад шуд. Албатта онҳо талош хоҳанд кард дар каронаи Бохтарӣ ҳам иттифоқе ба вуҷуд биоваранд.”
I24news
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: