Вазири умури хориҷаи Амрико: “Эрон бояд аз ҳимояти Ҳусиҳо даст кашад!”

Вазири умури хориҷаи Амрико: “Эрон бояд аз ҳимояти Ҳусиҳо даст кашад!”

Энтони Блинкен: “Эрон бояд аз ҳимояти Ҳусиҳо даст кашад!”

Ахбори байналмилал

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Омрико, ки дар Ховари Миёна ба сар мебарад, дар гуфтугӯ бо расонаи арабистонии “Алҳадас” муддаӣ шуд: “Эрон таъминкунандаи аслии силоҳ, иттилоот ва фанноварӣ барои Ҳусиҳо аст.”

Блинкен дар ин гуфтугӯ бо ишора ба таъсири мухарриби иқдомоти Яман дар тиҷорат ва иқтисоди ҷаҳонӣ тасреҳ кард: “Ман фикр намекунам, ки идомаи ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамалоти Ҳусиҳо ба нафъи Эрон бошад; ҳамалоте, ки борҳо тавассути кишварҳои саросари ҷаҳон маҳкум шуда ва Теҳрон ба унвони масъули ин иқдомот шинохта мешавад. Умедворам мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ аз нуфузе, ки доранд, барои поён додан ба ҳамалоти Ҳусиҳо истифода кунанд.”

Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар бахше аз гуфтугӯи худ бо “Алҳадас”, фишорҳои Омрико ба мақомоти Исроил барои ҷилавгирӣ аз ҳамла ба мавозеъи Ҳизбуллоҳи Лубнонро таъйид ва хотирнишон кард: “Мо ба шиддат даргири як талоши диплумотик ҳастем, то итминон ҳосил кунем, ки даргириҳо густариш намеёбад, чаро ки мӯътақидем, на исроилиҳо, на раҳбарони Ҳизбуллоҳ ва на ҳатто Эрон хоҳони густариши даргирӣ нестанд, аммо гоҳе як иқдоми нохоста метавонад шӯълаи ҷангро густурдатар кунад.”

Энтони Блинкен ҳамчунин бо ишора ба оворагии беш аз сад ҳазор нафар аз сокинони шимоли Исроил ва лубнониҳои сокини ҷануб таъкид кард, ки онҳо бояд битавонанд ба хонаҳояшон баргарданд, битавонанд эҳсоси итминон кунанд ва мо талоши мустамирре барои дастёбӣ ба як роҳи ҳалли диплумотик барои расидан ба ин ҳадаф дорем.

Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, ки ба Ховари Миёна сафар кардааст, дирӯз дар Ҷидда бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дидор ва дар бораи авзоъи Ғазза ройзанӣ кард.

Энтони Блинкен, қарор аст пас аз Арабистон, ба Миср сафар кунад ва сипас рӯзи ҷумъа ба Исроил биравад, то дар бораи ҷавониби мухталифи ҷанги Исроил ва Ҳамос аз ҷумла қасди Исроил ба амалиёти заминии густурда дар шаҳри Рафаҳ табодули назар кунад.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қассом даҳонаи як тунелро ба рӯйи низомиёни саҳюнист мунфаҷир кард
Хуш биё, Наврӯзи ман

Матолиби пурбоздид