Вазифаи давлатҳо: тақвияти қудрат ва иззати миллӣ
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Вазифаи муҳимми давлатҳо тақвияти муаллафаҳои қудрат ва иззати миллӣ аст”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон:
“Вазифаи муҳимми давлатҳо, тақвияти муаллафаҳои қудрати миллӣ ва иззати миллӣ аст. Ҳамаи давлатҳо дар саросари дунё чунин вазифае доранд, яъне бояд муаллафаҳои қудрати миллиро тақвият кунанд. Дар ин миён, муҳимтарин муаллафа, руҳия, ангеза ва якпорчагии миллат аст. Агар бихоҳем муаллафаҳои қудратро бишуморем, бетардид яке аз аслитарини онҳо ҳамин аст, ки миллат якпорча, боангеза, умедвор ва бонишот бошад.”
Инчунин мегӯяд: “Мо бояд дар амалкарди худ, дар гуфтори худ ва дар пойбандӣ ба вазоифамон, ба гунае амал кунем, ки ин руҳия дар мардум эҷод шавад. Ва агар вуҷуд дорад, онро тақвият кунем ва монеъи заволи он нашавем.”
qalamonline.net
Қаламонлайн