Вафоро дар набарди дил сипар кардам
Адаб
Ғазали зебое аз Гулрухсор
Ба ёди ту чӣ шабҳое, саҳар кардам,
Чи ғамҳое, ки ман бе ту пушти сар кардам.
Туро эй хокии хоки ба тахти ишқ,
Зи худ бологузар, болоназар кардам.
Вафо аз бевафо омӯхтам охир,
Вафоро дар набарди дил сипар кардам.
Чӣ исёнҳое, ки бо худ кардаям бе худ,
Зи сирри хеш оламро хабар кардам.
Вафо аз бевафо омухтам охир,
Вафоро дар набарди дил сипар кардам.
Маро ту хоки раҳ кардӣ, амон бошӣ,
Туро ман тоҷи сар кардам, зафар кардам.
Гулрухсор
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн