Вокуниши Ироқчӣ ба таҳдиди иқтисодии Тромп
Ахбори байналмилал
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Х навишт:
“Таҳдид ба “шурӯи амалиёти иқтисодӣ” алайҳи Эрон, дар воқеъ барои инҳирофи афкори умумии Омрико аз бӯҳронҳои молии дохилӣ аст: яъне бадеҳиҳои (қарзҳои) бесобиқа ва афзоиши сарсомовари баҳраҳои бонкӣ дар Омрико.
Исрор бар идомаи сиёсатҳои шикастхӯрда, танҳо шикастҳои бештаре ба бор хоҳад овард ва душмании эрониёнро дар пай хоҳад дошт. Теруризми иқтисодии Омрико, иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳокимияти миллии кишварҳо дар саросари ҷаҳонро таҳдид мекунад”.
Қаламонлайн













