Вокуниши Эрон ба терури мусташорони низомӣ дар Сурия
Ахбори байналмилал
Alalam
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни маҳкум кардани иқдоми ҷинояткорона ва мутаҷовизонаи субҳи имрӯзи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба минтақаи маскунии Алмаззаи Димишқ, ин ҳамларо гӯёи аҷзу дармондагии ин режим дар майдони набард донист.
Ба гузориши шабакаи Алъолам, Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, иқдоми ҷинояткорона ва мутаҷовизонаи субҳи имрӯзи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба минтақаи маскунии Алмаззаи Димишқро, ки ба шаҳодати чаҳор тан аз мусташорони низомии Эрон ва теъдоде аз нерӯҳои маҳаллӣ мунҷар шуд, ба шиддат маҳкум кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон нақзи мукаррари ҳокимият ва тамомияти сарзаминии Сурия ва ташдиди ҳамалоти мутаҷовизона ва таҳрикомез ба аҳдофи мухталиф дар хоки Сурия тавассути режими муҷрим ва кӯдаккуши саҳюнистиро гӯёи аҷз ва дармондагии ин режим дар майдони набард ва мубориза бо нерӯҳои муқовамат дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ дар беш аз сад рӯзи гузашта ва талоше мазбуҳона барои густариши бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа донист.
Канъони афзуд: “Шоиста аст давлатҳо, созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, нисбат ба иқдомоти мутаҷовизона, теруристӣ ва ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ вокуниши сареҳе дошта ва онро ба таври қотеъ маҳкум намоянд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: “Мусташорони низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба даъвати расмии давлати Сурия дар ин кишвар ҳузур доранд, нақши муҳимме дар кӯмак ба давлат, артиш ва миллати Сурия барои мубориза бо теруризм ва кӯмак ба барқарории сулҳ, субот ва амнияти пойдор дар ин кишвар тайи солиёни гузашта дошта ва ҳамчунон доранд.”
Канъонӣ таъкид кард: “Бетардид хуни ин шаҳидони воломақом ҳадар нахоҳад рафт ва Ҷумҳурии Исломии Эрон илова бар пайгирии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалии ин иқдомоти мутаҷовизона ва ҷинояткорона, ҳаққи худро дар посухи мутақобил ба теруризми созмонёфтаи режими ҷаълии саҳюнистӣ маҳфуз медонад.”
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон барои руҳи баланди ин шаҳидони воломақом ва қаҳрамонони мубориза бо теруризм, улувви дараҷот назди Худои Субҳон ва барои хонаводаҳои гаронқадри онон сабру шикебоӣ масъалат намуд.
Alalam
Қаламонлайн