Вокуниши ҷунбиши Ансоруллоҳ ба ҳамалоти артиши саҳюнистӣ
Ахбори байналмилал
Сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар вокуниш ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Санъо гуфт: “Душмани саҳюнист (панҷшанбе) таҷовузоти ваҳшиёнае дар Санъо, пойтахт ва устони Ҳадида дар ғарби Яман анҷом дод.”
Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар ёддоште дар шабакаи Х хотирнишон кард: “Ҳадаф қарор додани фурудгоҳи байналмилалии Санъо ва дигар зерсохтҳои ғайринизомӣ, ҷинояти саҳюнистҳо алайҳи ҳамаи мардуми Яман аст. Ин одати душмани ҷинояткор, қотили миллионҳо нафар аз мардуми Фаластин ва омили наслкушӣ дар Ғазза аст.”
Абдуссалом таъкид кард: “Агар душман фикр мекунад, ки ҷиноёт ва ҳамалоти он, Яманро аз ҳимоят аз Ғазза бозмедорад, иштибоҳ мекунад; чаро ки Яман усули динӣ ва арзишҳои инсонии худро раҳо нахоҳад кард.”
Гуфтанист, режими саҳюнистӣ (панҷшанбе) ҳамзамон бо суханронии ҳафтагии Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, ба Санъо ва Ҳадида ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод.
(x.com)
Қаламонлайн