Вокуниши ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ба шаҳодати сардор Сайидразӣ Мӯсавӣ
Ахбори байналмилал
Аlalam
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ба терури сардори шаҳид женерол Сайидразӣ Мӯсавӣ дар натиҷаи ҳамлаи мушакии артиши режими саҳюнистӣ ба Димишқ, вокуниш нишон дод.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алъолам, ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо судури баёнияи кӯтоҳе, ба терури сардори шаҳид Сайидразӣ Мӯсавӣ аз сӯйи артиши режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамлаи мушакии ин режим ба Димишқ вокуниш нишон дод.
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дар ин баёния эълом кард: “Терури буздилонаи сардори шаҳид Сайидразӣ Мӯсавӣ аз сӯйи режими ҷинояткори саҳюнистиро бо шадидтарин иборатҳо маҳкум мекунем.”
Дар идомаи ин баёния омадааст: “Сардори шаҳид Сайидразӣ Мӯсавӣ аз шохистарин фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.”
Аlalam
Қаламонлайн