Григорев: Тоҷикистон посгоҳе барои кишварҳои ИДМ

Григорев: Тоҷикистон посгоҳе барои кишварҳои ИДМ

Ахбори минтақа

Сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев, изҳор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти амниятии Афғонистон, Тоҷикистон монанди посгоҳе барои амнияти кишварҳои ИДМ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ифои нақш мекунад.

Семён Григорев бо муҳим хондани истиқрори Пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон барои ҳифозат аз марзи ИДМ, гуфт, неруҳои мустақар дар ин пойгоҳ ба ҳифозат аз марзҳои кишварҳои минтақа идома хоҳанд дод.

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, яке аз бузургтарин марокизи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст. Ин пойгоҳ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон қарор дорад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мариус Фоссум: Рафтори Русия алайҳи тоҷикон тааҷҷубовар нест!
Вокуниши додситони кулли Тоҷикистон дар парвандаи муҳоҷирон дар Русия

Матолиби пурбоздид