Гузашту бурдборӣ ва ҳилм дар сираи Расули Акрам(с)
Сабки зиндагии исломӣ
Равиши Расули Худо(с) афву гузашт буд ва дар баробари азиятҳову озорҳои аҳли китоб ва мушрикин сабр карда ва дар муқобили онҳо ҳилму бурдборӣ нишон медод.
Анас ибни Молик мегӯяд: Ба ҳамроҳи Расули Худо(с) ҳаракат мекардам ва он ҳазрат абое ба тан доштанд, ки ҳошияи захиме дошт. Араби биёбонгарде ба он ҳазрат расид ва абои он ҳазратро башиддат кашид, тавре ки вақте ба гардани он ҳазрат нигоҳ кардам, дидам, аз шиддати он, ҳошияи або бар гардани он ҳазрат асар гузоштааст.
Марди араб гуфт: Эй Муҳаммад! Аз моли Худо, ки дар ихтиёри ту ҳаст, ба ман бидеҳ!
Расули Худо(с) ба сӯи таваҷҷӯҳ фармуд, сипас табассум намуд ва дастур дод то чизе ба ӯ бидиҳанд.
Дар достони дигаре омадааст:
Яҳудие муддаӣ мешавад, ки Расули Акрам(с) аз ӯ қарздоранд. Ва ин дар ҳоле буд, ки дар дохили кӯча пеши роҳи он ҳазратро гирифта ва ба эшон мегӯяд: Бояд алон талаби маро бидиҳӣ! Паёмбар(с) фармуданд: Аввалан, иддаои ту дуруст нест ва ту аз ман талабкор нестӣ, сониян бигзор, ман биравам манзил, чун ҳоло ҳамроҳам пул надорам.
Он шахс мегӯяд: На, нахоҳам гузошт, ҳатто як қадам ин тараф ё он тараф биравӣ! Ин дар ҳоле буд, ки он ҳазрат қасди намоз дошт. Яҳудӣ исрор мекард, ки ҳамин ҷо бояд талаби маро пардохт кунӣ. Ҳарчӣ он ҳазрат бо ӯ нармиш нишон дод, ӯ бештар хушунат меварзид то ҷое, ки он мард бо Паёмбар(с) даргир мешавад ва абои эшонро мегирад ва атрофи гарданаш мепечад ва мекашад, ба ҳадде ки асари он бар рӯи гардани ҳазрат мемонад.
Муслимин, ки мунтазири омадани ҳазрат барои намоз буданд, мераванд ва мебинанд, ки шахсе чунин иддаое дорад. Онон мехостанд дахолат кунанд, вале Паёмбар(с) иҷоза намедиҳад, балки он қадар нармиш нишон медиҳад, ки яҳудӣ ҳамон ҷо мегӯяд: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ! – ва мегӯяд: Ту бо ин ҳама қудрате, ки дар ихтиёр дорӣ, ин гуна таҳаммул дорӣ! Ин таҳаммул, таҳаммули як фарди оддӣ нест, балки бурдборӣ ва сабри паёмбарон аст!…
Дар масири ҷанги Уҳуд яке аз мунофиқон ба номи Мирбаъ, ки нобино буд, вақте садои Расули Худоро шунид, худро рӯи замин андохт ва фарёд зад: Агар ту пайғамбар ҳастӣ, ман раво намедорам ва намехоҳам, ки ба мулк ва чордевории ман ворид шавӣ! – ва изофа кард: Агар медонистам бо ин хок ба дигарӣ осеб намерасонам, онро ба рӯи ту мепошидам!
Ёрони Расули Худо(с) хостанд ӯро бикушанд. Он ҳазрат фармуд: Зинҳор ин корро накунед! Ӯ кӯр аст, кӯрдил асту кӯрчашм, ба ӯ коре надошта бошед! Ҳазрат бидуни камтарин аксуламале аз онҷо рад шуд…
Ҳамчунин дар фазоили Паёмбар(с) ворид шудааст: Расули Худо(с) барои худ аз касе интиқом нагирифт, балки онон, ки озораш медоданд, афв мекард ва хатоҳояшонро нодида мегирифт.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи гузашти Паёмбар мегӯяд:
Ҳатто он вақте ки доираи ислом васеътар шуд ва Расули Акрам Маккаро ҳам фатҳ карданд, мардуми он шаҳрро афв карданд. Мардуми Макка ҳамон аҳолии Макка буданд, ки Паёмбарро аз шаҳри худ берун карда буданд. Паёмбар аз ҳамон аҳолии Макка, сенздаҳ сол нороҳатӣ таҳаммул карда буд ва заҷр кашида буд. Баъд ҳам чандин ҷанг бо эшон доштанд ва чӣ қадар аз мусалмононро кушта будан ва мутақобилан мусалмонҳо ҳам аз онҳо кушта буданд… Паёмбар вориди Макка шуд ва эъломи афви умумӣ кард ва фармуд: Ман ҳамаи шуморо озод ва афватон кардам!…
Қаламонлайн