Гузинаҳои пеши рӯйи Бенёмин Натонёҳу

Гузинаҳои пеши рӯйи Бенёмин Натонёҳу ба нақл аз расонаи исроилӣ

Ахбори байналмилал

Haaretz

Рӯзномаи исроилии Haaretz дар бораи ояндаи Бенёмин Натонёҳу мегӯяд, ки ӯ ҷуз се роҳ ояндаи дигаре надорад: ё бояд тан ба муомила бар сари озодии гаравгонҳо бидиҳад, ё тасмимаш барои ҳамла ба Рафаҳро то интиҳо пай бигирад ё ин ки ваъдаҳои тухолии худро ба сиёқи ҳамин чанд вақти ахир идома диҳад.

Ба гузориши Shafaqna, рӯзномаи исроилии Haaretz навишт:

Бо ин ки қарор аст як ҳайати исроилӣ барои музокира бар сари тавофуқ бар сари оташбас ба изои гаравгонҳо ба Париж биравад, аммо мухолифатҳои дохилӣ бо Натонёҳу ва носозгории Ҳамос ба ин маъност, ки Уилям Бернс, раиси CIA, кори душворе барои наҷоти Исроил пеши рӯйи худ хоҳад дошт.

Интизор меравад, дар чанд рӯзи оянда, нишасте дар Париж барои расидан ба тавофуқ бар сари озодии гаравгонҳо қабл аз оғози моҳи Рамазон баргузор шавад – ки севвумин нишаст дар ин замина дар камтар аз як моҳи ахир хоҳад буд. Тибқи барномарезиҳое, ки ба анҷом расида, ин давр аз музокирот, пеш аз нишасти чаҳорҷонибаи мақомот ва масъулони амниятии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Исроил, Миср ва Қатар дар Париж оғоз ва дар Қоҳира идома хоҳад ёфт.

Пешбиниҳои анҷомшуда дар мавриди ин нишасти барномарезишуда ин бор каме хушбинонатар аст, агарчӣ ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ мизон аз ин амр ношӣ аз пешрафти воқеӣ дар коҳиши шикофҳои мавозеъи тарафайн аст ва чӣ қадр аз он ношӣ аз дарки ин воқеияти ноумедкунанда, ки адами муваффақият дар дастёбӣ ба тавофуқ, сарнавишти асирони тарафайнро таҳти шуъо қарор хоҳад дод.

Шахсияти калидии ин ибтикори ҷадид, мудири CIA Уилям Бернс аст. Вошингтун дар ҳоли эъмоли фишор бар Миср – ва бештар аз он Қатар – аст, ки бо додани ҳушдорҳои қотеъона ба раҳбарони Ҳамос – дар навори Ғазза ва Дуҳа – ин гурӯҳро тарғиб кунанд, ки дар хостаҳояш то ҳудуде кӯтоҳ ояд. То кунун миёнҷиҳо дар заминаи ҳадду фасли садоҳои мухталиф дар раҳбарони Ҳамос мушкил доштаанд. Ба ҳар ҳол иртибот байни маҳалли ихтифои Яҳё Синвор, раҳбари Ҳамос дар Ғазза бо дунёи хориҷ душвор, бесубот, ғайримустақим ва мутановиб аст. Ба хусус, ки бидуни дахолати Синвор, дастёбӣ ба тавофуқ душвор аст, бавежа ба ин далел, ки раҳбарони хориҷӣ наметавонанд ба андозаи раҳбарони маҳаллӣ, ки бори ҷангро бар дӯш доранд, мусаммам ба назар бирасад.

Дар айни ҳол, бояд ба ин нукта низ ишора кард, ки давлати Бойден ин рӯзҳо дар мавриди Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил бо лаҳне сӯҳбат мекунад, ки то кунун мушобеҳи он дар Вошингтун шунида нашудааст – ва ин ҳатто замонеро низ шомил мешавад, ки Натонёҳу дар нишасти муштараки Кунгра дар соли 2015 болои сари президент Борок Убомо истода буд ва дархости ҳамла ба тавофуқи ҳастаии Эронро дошт. Албатта Бойден бештар аз салафи худ дар Кохи сафед ҳомии Исроил аст, аммо ба вузуҳ мушаххас аст, ки Вошингтун сабри худро дар бораи мавозеъ ва изҳорот ва моҷароҷӯиҳои Натонёҳу аз даст додааст. Ҳамчунин ба назар мерасад, ки мизони ҳимояти байналмилалӣ аз Исроил мавриди тардид қарор гирифтааст.

Омрикоиҳо умедворанд, ки оташбас дар Ғазза боис шавад Ҳизбуллоҳ низ ба навъе аз он пайравӣ кунад. Дар як сенарияи хушбинона, таваққуф дар ҷараёни ҷанг, имкони танзими тавофуқеро фароҳам мекунад, ки нерӯҳои Ҳизбуллоҳро аз марзҳо дур кунад. Ба ҳар ҳол, Ҳизбуллоҳ мегӯяд, ки қабл аз оташбас дар Ғазза, гуфтугӯ ва тавофуқе вуҷуд нахоҳад дошт.

Се гузинаи Натонёҳу

Барои Натонёҳу, расидан ба тавофуқ барои озодии гаравгонҳо дар ояндаи наздик яке аз се гузинае аст, ки пеши рӯйи худ мебинад:

1) Ҳатто агар Ҳамос тақозоҳоеро, ки матраҳ карда коҳиш диҳад, боз ҳам ҳусул ба чунин тавофуқе, мусталзими имтиёзоте аз қабили озодии садҳо асири фаластинӣ аст, ки аз назари Исроил чандон осон нест:

2) Сенарияи дуввуме, ки Натонёҳу метавонад дунбол кунад, эҳтимоли идомаи ҷанг дар моҳи Рамазон аст, ки метавонад шомили ҳамлаи артиши Исроил ба Рафаҳ низ бошад;

3) Тибқи сенарияи севвум низ ҳама чиз ҳамон тавр, ки то кунун ҷараён дошта, идома хоҳад ёфт: Натонёҳу ба таҳрики давлати Бойден идома хоҳад дод, ба ваъдаи иухолии “пирӯзии комил” идома хоҳад дод, аз сӯҳбат дар бораи тавофуқи озодии гаравгонҳо тафра хоҳад рафт ва эҳтимолан бо Ҳизби ваҳдати миллии Банӣ Гонтз низ мухолифат хоҳад кард. Бо ин ҳол, ба гуфтаи манобеъи давлатӣ, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки Натонёҳу дар ниҳоят тасмим бигирад ҳамаро ғофилгир кунад ва ба самти дигаре биравад. Ба ҳар ҳол, Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ талоши зиёде барои пешбурди як тавофуқи минтақаӣ анҷом медиҳанд, ки агар ба натиҷа бирасад, ба унвони ифтихори сиёсати хориҷии давлати Бойден дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии ноябр муаррифӣ хоҳад шуд.

Haaretz

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Далели аслии зиндонӣ кардани Абдуқодири Рустам ва Холиқзода
Суханони такондиҳандаи пизишки фаронсавӣ пас аз сафар ба Ғазза

Матолиби пурбоздид