Гузориши аҷиб дар мавриди Нелсун Мондело
Машоҳир ва номоварон
Ҳам инсони шарифе буд ва ҳам сиёсатмадор буд.
1) Нелсон Мондела мегуфт: маро бо муваффақиятҳоям насанҷед, балки бо теъдоди дафъаҳое, ки суқут кардам ва муҷаддадан бархостам, арзёбӣ кунед.
2) 67 сол барои мубориза бо нажодпарастӣ дар Офриқои ҷанубӣ талош кард; 27 сол зиндон кашид, 18 соли онро дар зиндоне бо абъоди 2/70 × 2/10 метр;
3) Мӯътақид буд нафрат монеи фикр кардани мантиқӣ мешавад;
4) Пас аз озодӣ аз зиндон, аз мардум хост аз сафедпӯстон интиқом нагиранд ва онҳоро бибахшанд;
5) Фаротар аз истидлол, аз тариқи эҳтиром ба инсонҳо, ба дастовардҳои бузурге даст ёфт;
6) Аз зиндон, ба сурати мукотибаӣ, дипломи ҳуқуқи худро аз Донишгоҳи Ландан гирифт;
7) Ба мардум гуфт: агар мехоҳед бо мухолиф ба сулҳ бирасед, бояд бо ӯ кор кунед ва бо ӯ шарик шавед;
8) Мӯътақид буд сахттар аз тағйири ҷомеа, тағйири худ аст;
9) Дар пайи шавкати фардӣ набуд (Self-glory);
10) Эродҳо ва иштибоҳоти худро махфӣ намекард;
11) Контроли амиқе бар эҳсосот ва рафтори худ дошт;
12) Дар маросими таҳлифи (савганди) риёсати ҷумҳурӣ, аз зиндонбони худ (Christo Brand) ба унвони меҳмони вежа даъват кард;
13) Вақте раиси ҷумҳур буд, аз қозӣ (Percy Yutar), ки ӯро ба эъдом маҳкум карда буд, барои шом даъват кард;
14) Мӯътақид буд то фақр аз миён наравад, озодӣ ба даст намеояд;
15) Тавони қобили таваҷҷӯҳе дар иҷмоъсозӣ миёни нерӯҳои мухталифи сиёсиро дошт;
16) Бар тадвини Қонуни Асосии Офриқои Ҷанубӣ дақиқ назорат кард: санаде, ки таҳсини ҷаҳониёнро ба ҳамроҳ дошт;
17) Мегуфт, беҳтарин равиши шинохти як кишвар, шинохти вазъияти зиндонҳои он аст;
18) Ҳамеша дар ҳоли ёдгирӣ буд;
19) Ҳар кӣ ӯро мулоқот кард, гуфт: Мондело бо диққату алоқа гӯш мекунад;
20) Ҳар чӣ аз ӯ таманно карданд, ки номзади давраи дуввуми риёсати ҷумҳурӣ шавад, нашуд. Фақат панҷ сол раиси ҷумҳур буд;
21) Номи биюгрофии худро гузошт: “Роҳи тӯлонии озодӣ”;
22) Ба таври воқеӣ ва пойдор, мутавозеъ ва азхудгузашта буд (Selfless);
23) Зотан бо принсип буд; дигарон эҳсоси ҳилагирӣ аз ҷониби ӯ намекарданд;
24) Қудрат ва лаззати аз қудрат бисёре аз раҳбарони офриқоиро олуда кард. Мондело фаротар аз ҳамаи онҳо амал кард ва чеҳраи мондагори таърих шуд;
25) Мӯътақид буд омӯзиш муассиртарин равиши тағйири ҷаҳон аст;
26) Мазҳари баҳрабардорӣ аз самбулҳо буд: шумораи зиндони худро ба унвони ибтикори амале дар мубориза бо бемориҳо дар Офриқо гузошт (46664 Initiative);
27) Аз 250 донишгоҳу муассиса ҷоизаи сулҳ ва дуктурои ифтихорӣ гирифт;
28) Ба хотири маҳбубияти ҷаҳонӣ, Созмони Милал 18 июли ҳар сол (рӯзи таваллуди ӯ)-ро ба унвони Рӯзи байналмилалии Нелсун Мондело сабт кард;
Ёддошти Маҳмуд Сареулқалам, узви ҳайати илмӣ ва устоди Донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Эрон ва коршиноси аршади равобити байналмилал
Irdiplomacy
Қаламонлайн