Гузориши ҳузури низомиёни бритониёӣ дар артиши Исроил дар ҷанги Ғазза

Гузориши ҳузури низомиёни бритониёӣ дар артиши Исроил дар ҷанги Ғазза

Ахбори байналмилал

Пойгоҳи таҳқиқотии Declassified UK дар як гузориши тоза эълом кардааст, ки беш аз ду ҳазор шаҳрванди Бритониё дар ҷараёни ҷанги Ғазза, дар сафи артиши Исроил хидмат кардаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки шуморе аз шаҳрвандони бритониёӣ бо истифода аз имконоти ҳуқуқии мавҷуда ва бар асоси қонунҳои Исроил, ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар пайвастаанд. Манбаъ таъкид мекунад, ки ин масъала метавонад паёмадҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар дохили Бритониё ба бор оварад.

Ҳамзамон, коршиносон бар ин назаранд, ки мушорикати шаҳрвандони хориҷӣ дар даргириҳои мусаллаҳона метавонад баҳсҳои ҷиддиро дар бораи масъулияти давлатҳо ва риояти қонунҳои байналмилалӣ ба миён оварад.

То кунун мақомоти расмии Бритониё дар робита ба ҷузъиёти ин гузориш изҳороти назар накардаанд. Ҷанги Ғазза, ки боиси таниши густарда дар минтақа шудааст, ҳамчунон дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дабири Шӯрои дифои Эрон: Барномаи мушакии Эрон хатти қирмиз аст
Бедил ва “корманди илм”

Матолиби пурбоздид