Гули зардолу мерезад

Адаб

Гули зардолу мерезад

Фарзона

Замин гулпўшу сабзоғўш, шафақ бо қуллае ҳамдўш,

Сабо дар соғари гулҳо шароби қатра дорад нўш.

Сабо бедору мо бедор, наво дар шохҳо бедор,

Баҳори шавқзо бедор, дилам бонге занад хомўш:

Гули зардолу мерезад.

Рухи оина тар гашта зи ашку атри боронҳо,

Дамад дарёи ширинком зи нўшонўши найсонҳо.

Ту, эй ҳамзоди боронҳо, ту эй эҷоди найсонҳо,

Баҳори тар! Паёме бар ба гўши ҷумла инсонҳо:

Гули зардолу мерезад.

Баҳори нав расид, аммо мароми зиндагӣ нав нест,

Низоми дил дигаргун шуд низоми зиндагӣ нав нест.

Ҷаҳонҷўе, ки мехоҳӣ уруҷи шўҳрату авранг,

Шунав қалби баҳоронро, ки мехезад аз он оҳанг!

Гули зардолу мерезад.

Баҳоро, андар оғўшат ҷаҳон тавҳид мехоҳад,

Бизан бар ҷоми дил ҷоме, дили ман ид мехоҳад.

Ба барги гармхоби гул тапишҳо рехт дурдона,

Худовандо, тапиш дорад дили беишқи Фарзона,

Гули зардолу мерезад…

Фарзона

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Парвандаи ҷадид алайҳи Бузургмеҳр Ёров ташкил шудааст
Рӯҷӯъ

Матолиби пурбоздид