Густариши робитаҳои тиҷории Тоҷикистон ва Эрон

Густариши робитаҳои тиҷории Тоҷикистон ва Эрон

Ахбори минтақа

Бар асоси гузоришоти расида, масъулони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон дар робита богустариши равобити тиҷоии ду кишвар алоуамандии зиёде доранд.

Дар ҳамин робита, сафири Тоҷикистон дар Эрон, Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба барномарезии суратгирифта ҷиҳати сафари оқои Раисӣ ба Тоҷикистон, гуфтааст: Лозим аст ҳамзамон бо ин сафар ҳамоиши тиҷорӣ бо ҳузури тоҷирон ва бозаргонон ва ҳамчунин масъулини тиҷории ду кишвар баргузор шавад то пайванди миёни тоҷирон шакл гирад.

Ҳамчунин сарпарасти созмони тавсеаи тиҷорат, бо ишора ба алоқамандии Тоҷикистон бо густариши равобит бо Эрон гуфт: Барномаҳои аслии ин созмон дар ҷиҳати афзоиши мубодилоти тиҷорӣ аст.

Маҳдии Зейғамӣ -сарпарасти Созмони тавсиаи тиҷорати Эрон,  дар дидор бо Низомиддин Зоҳиди сафири Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо ишора ба коҳиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар аз баррасии илал ва талош барои рафъи мавонеъ дар ҷиҳати рушди тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон хабар дода гуфтааст: Бар асоси барномарезиҳо муқарар шудааст то поёни сол ройзании бозаргонии мо дар Тоҷикистон мусатақар шавад.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон низ бо ишора ба ҳаҷми мубодилоти тиҷори дар панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Ин мубодилот нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта, афзоиши  9 дарсадӣ доштааст, ки бо тававҷҷуҳ ба зарфиятҳои Эрон ва алоқамандии мо ба истифода аз тамоми ин зарфиятҳо бояд афзоиш пайдо кунад.

Бахши хабарии сомонаи Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми раҳбари Эрон ба беэҳтиромӣ нисбат ба Қуръони Карим, дар Суед
Робитаи ахлоқ ва сиёсат

Матолиби пурбоздид