Гуфторе аз Мутаҳҳарӣ
Мактаби андеша
“Иқбол мегӯяд, аз таърихи мурдани тафаккури исломӣ 500 сол мегузарад; 500 сол аст, ки тарзи тафаккури мусалмонон дар бораи ислом, ба сурати мурдае даромада ва сурати зиндагии худашро аз даст додааст.
Дар гирифториҳое, ки имрӯз барои ислом ҳаст, масалан дар ҳамин гирифтории Фаластин, мову шумо чӣ қадр ҳамдардӣ дорем? Воқеан эҳсоси ҳамдардии мо чист? Агар набошад, ба қавли Пайғамбари Акрам, мо мусалмон нестем:
مثلُ المؤمنين في تَوادِّهم وتَرَاحُمِهِم وتعاطُفِهِمْ، مثلُ الجسَدِ إذا اشتكَى منْهُ عضوٌ تدَاعَى لَهُ سائِرُ الجسَدِ بالسَّهَرِ والْحُمَّى
Мефармояд, тамоми ин пайкар бехобӣ ба сараш мезанад, истироҳат ва осоиш аз ӯ гирифта мешавад, яъне он қадр ба такопӯ меафтад, ки дигар хобаш намебарад.
Ин ҷумла аз Пайғамбари Акрам буд, ки нишонае аз ҳаётро ба даст медиҳад. Ҳамчунин Пайғамбари Акрам фармуд:
مَنْ سَمِعَ رَجُلًا ینادي یا لَلْمُسْلِمینَ فَلَمْ یجِبْهُ فَلَیسَ بِمُسْلِمٍ
(“Васоилуш-шиъа”, ҷ.11, с.108 ва 560) Ҳар касе, ки бишнавад марде истиғоса мекунад ва мусалмононро ба кӯмак металабад ва ӯро иҷобат накунад ва ҷавоб надиҳад, дар мантиқи ман, ӯ мусалмон нест. Касе, ки бастагӣ ва пайвастагии ӯ бо бародарони мусалмонаш ин қадр набошад, ӯ мусалмон нест…”
(Эҳёи тафаккури исломӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ)
Қаламонлайн