Дабири кулли СММ: Бӯҳрони Ғазза – бӯҳрони ахлоқист

Дабири кулли СММ: Бӯҳрони Ғазза – бӯҳрони ахлоқист

Ахбори байналмилал

Ончи имрӯз дар Ғазза рух медиҳад, танҳо як буҳрони башарӣ нест, балки буҳрони ахлоқиест, ки виҷдони ҷомеаи ҷаҳониро ба чолиш мекашад.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, зимни изҳороте дар бораи вазъи фоҷиабори Ғазза ҳушдор дод:
Ончи имрӯз дар Ғазза рух медиҳад, танҳо як буҳрони башарӣ нест, балки буҳрони ахлоқиест, ки виҷдони ҷомеаи ҷаҳониро ба чолиш мекашад.

Гутерриш таъкид кард, ки ҳатто кормандони СММ дар Ғазза аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд ва вазъ ба ҳадде вахим шудааст, ки бисёре аз онҳо дигар тавони идомаи фаъолиятро надоранд.
Ӯ бо ишора ба нотавонии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини ниёзҳои ибтидои мардуми Ғазза гуфт:

Мо овози худро дар ҳар фурсати муносиб баланд хоҳем кард, аммо суханон наметавонанд шиками кӯдакони гуруснаро сер кунанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ қонуни муваффақият

Матолиби пурбоздид