Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: “Муқовамат беҳбудии худро бозёфтааст”
Ахбори байналмилал
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо баёни ин ки муқовамат беҳбудии худро бозёфтааст, эълом кард: “Бо муқовамат собит кардем, ки ба душман иҷозаи пешравиро намедиҳем.”
Шайх Наим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар ҷараёни 4-умин Конфронси байналмилалии бузургдошти Аллома Мисбоҳи Яздӣ дар Теҳрон, тасреҳ кард: “Бо муқовамат собит кардем, ки ба душман ин имконро намедиҳем, ки пешравиро барои худ рақам бизанад.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: “Таҷовузҳое, ки дар ҳоли ҳозир рух медиҳад, масъулияти муқобила бо он, бар ӯҳдаи давлати Лубнон ва ҷомеаи байналмилал қарор дорад.”
Вай тасреҳ кард: “Мо бо муқовамат собит кардем, ки ба душман иҷозаи пешравӣ намедиҳем ва дар ҳоли ҳозир фурсате барои давлати Лубнон аст, то худро бо иқдоми сиёсӣ собит кунад.”
Шайх Наим Қосим бар идомаи роҳи муқовамат таъкид кард ва гуфт, ки муқовамат беҳбудии худро бозёфтааст ва имон ва нерӯҳои мӯъмине дорад, ки ба он, имкони қавитар шуданро медиҳад.
Вай эълом кард: “Шояд бархе аз мо бипурсанд, ки шумо чӣ мекунед, мо дар ин марҳила сабр пеша мекунем. Мо намехоҳем кореро анҷом бидиҳем, ки боис шавад мустақиман масъулияти чизеро бар ӯҳда бигирем, ки ҳамагон бояд масъулияти онро бар ӯҳда бигиранд. Дуруст аст, ки дар ҳоли ҳозир як хадшаи маънавии воқеӣ дар Лубнон ба далели иқдомоти Исроил ба вуҷуд омадааст, аммо бояд дигаронро шарик созем.”
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон унвон дошт: “Режими Исроил, ки ҳар ҷунбандаеро мекушад ва ҳар хонаеро вайрон мекунад ва муртакиби наслкушӣ дар Ғазза мешавад ва назди уммати ислом ва ҷаҳониён ба унвони режими ваҳшӣ ва ҷинояткор шинохта мешавад, ин режим бо ҳимояти Омрикои ҷинояткор, ки душмани инсоният аст, даст ба ин ҷиноятҳо мезанад.”
Шайх Наим Қосим эълом кард: “Мо мебоист ба арзёбии рухдодҳое, ки дар ин ҷанги таҷовузгарона сурат гирифтааст бипардозем ва аз натоиҷи он истифода кунем ва ба иртиқои амалкардамон бипардозем.”
Вай таъкид кард: “Биҳамдиллоҳ, сармоя ва эътибори мо дар дохили Лубнон густарда ва таъсиргузор аст.”
Қаламонлайн