Дарвеш ва маъмури золим
Рӯзе мардумозоре санге бар сари дарвеши солеҳу покдомане зад.
Дарвеш дар он ҳангом коре аз дасташ сохта набуд, зеро он мард аз лашкариёни султон буд ва ҳама аз ӯ метарсиданд. Давреш сангро бардошт ва мунтазири фурсати муносиб монд.
Рӯзе шоҳ аз он марди лашкарӣ ба хашм омад ва дастур дод, ӯро дар чоҳ биандозанд.
Дарвеш сангро бардошт ва бар сари чоҳ рафт ва онро бар сари ӯ зад.
Мард пурсид: Ту кистӣ ва чаро ин сангро бар сари ман мезанӣ?
Давреш гуфт: Ман фалон кас ҳастам ва ин санг ҳамон сангест, ки дар фалон рӯз бар сари ман задӣ!
Мард пурсид: Пас то ҳоло куҷо будӣ?
Дарвеш посух дод: То имрӯз аз ҷоҳу мақоми ту метарсидам ва акнун, ки туро дар чоҳ дидам, фурсатро ғанимат шумурдам то интиқомамро аз ту бигирам!
Носазоеро, ки бинӣ бахтёр
Оқилон таслим карданд ихтиёр
Чун надорӣ нохуни дарранда тез
Бо дадон он беҳ, ки кам гирӣ ситез
Ҳар кӣ бо пӯлодбозу панҷа кард
Соиди симини худро ранҷа кард
Бош, то дасташ бибандад рӯзгор
Пас ба коми дӯстон мағзаш барор!
(Гулистони Саъдӣ, соданависии ҳикояти бисту якӯм, “Дар сирати подшоҳон”)
Қаламонлайн