Дарди дил

Таҳлили хабарӣ
Дарди дил
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Имрӯз мехоҳам як каме дарди дил кунам, бо дӯстони худ дар шабакаи иҷтимоӣ, бо корбарон ва хулоса, бо ҳар касе, ки ёддошти имрӯзро мехонад. Ва он ҳам дар бораи маҳҷуру матрук будани динамон аст.
Дарди диламро ин гуна шурӯъ мекунам: агар алъон як нафар ғайримусалмон бихоҳад бо ислом ошно шавад ҳарчанд барои ошноии сирф, на мусалмон шудан, балки бихоҳад як тасаввур дар бораи ин дин ҳосил кунад ва аз ман бихоҳад барои ӯ як манбаъ дар ин замина муаррифӣ кунам, қатъан ё китоби “Эҳёу улумид-дин”-и Ғаззолиро барояш пешниҳод хоҳам кард ва ё “Маҳаҷҷатул-байзо”-и Файзи Кошониро. Зеро ҳам Ғаззолӣ ва ҳам Файз тавонистаанд исломро ҳамон гуна ки ҳаст, муаррифӣ кунанд.
Он гоҳ вақте ин одам бо ислом ошно шуд, бо Қуръон ошно шуд, бо Расули Худо (с) ва гуфтору рафтори он ҳазрат ошно шуд, агар ӯ бо соири адён (мисли масеҳият ё яҳудият ва зардуштӣ ва ғайра) филҷумла ошно бошад ва битавонад байни маорифи исломӣ ва маорифи он адён муқоиса кунад, агар ӯ як одами боинсоф бошад, шак надорам, ки мусалмон хоҳад шуд, ҳарчанд бо ҳадафи мусалмон шудан исломро наомӯхта бошад. Зеро одами боинсоф агар бо ислом ва хусусан бо шахсияти Расули Акрам (с) ошно шавад, маҳол аст мусалмон нашавад. Инро бо тамоми қотеъият мегӯям.
Як вақт ҳамли бар худситоӣ нашавад, аммо воқеиятро арз мекунам. Банда, бо ин динҳо филҷумла ошноям, яъне бо масеҳият, яҳудият ва ҳатто бо зардуштӣ, аз як нимапопи масеҳӣ бештар бо масеҳият ошноям, аз як нимахохоми яҳудӣ бештар бо Таврот ошноям ва дар робита бо ойини Зардушт низ чунин аст. Барои ҳамин аст, ки мегӯям, шак надорам он одам мусалмон хоҳад шуд.
Ҳоло як далел бар ин иддаъо бароятон биёварам: қарни 5 ва 6 милодиро дар назар оваред, 1400 сол пешро. Дар ҷаҳон ё румиҳо бо пуштвонаи тамаддуни Юнон одамони мутамаддин ва бофарҳанг ба шумор меоянд ва ё эрониҳо, албатта тамаддуни Чин низ ҳаст, аммо намоён нест. Аммо Ҳиҷоз ва куллан Арабистон дар он замон, бисёр назарногир аст ва на танҳо назарногир, ки ҳатто ин сарзамин ва одамони сокин дар онро, аслан одам ҳисоб намекунанд ва ҳақ ҳам доштанд, чаро ки на аз тамаддун дар он хабаре аст ва на аз фарҳанг, фазое аз ҷаҳолат ва торикӣ дар он ҳоким аст, падарон масалан духтарони худро зинда-зинда гӯр мекунанд. Арабҳо якчунин инсонҳое ҳастанд.
Дар якчунин фазо ва ҷойе, як инсоне, ки на хондан медонад ва на навиштан ва ятим ҳам бузург шудааст, мегӯяд, ман фиристодаи Худоям ва он гоҳ чизҳое мегӯяд ва корҳое мекунад, ки шумо он чизҳоро на танҳо дар 1400 сол пеш, ки ҳатто ҳамин алъон, яъне қарни 21, аз як одами бисёр-бисёр таҳсилдида ва ба илова мутамаддин ва бофарҳанг намебинед.
Ин ятими дарснахонда, дар ҳамаи заминаҳо ва дар тамоми арсаҳои зиндагӣ – фардӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра – дар ҳамаи инҳо ҳарф барои гуфтан дорад ва на танҳо ҳарф, ки дар амал низ иҷро мекунад.
Ӯ Худоро ба гунае таъриф мекунад ва барои башар нишон медиҳад, ки ҳеч андешманд ва файласуфе дар он замон ва ҳатто то ба ин замони мо, натавониста ва наметавонанд чунон муаррифӣ кунад.
Ин ятими дарснахонда мегӯяд: “Эй мардум! Ҳамаи шумо дорои як падар ва як Худо ҳастед, ҳамагӣ аз Одам офарида шудаед ва Одам аз хок офарида шудааст, яъне аслу насаби ҳама кас ба хок бармегардад, арабро бар аҷам фахру имтиёзе нест; танҳо сабаби имтиёз тақвост.” (Таърихи Яъқубӣ, 2/110)
Ҳоло шумо инро бо вазъи имрӯз, ки носиюнолизм дар ҳоли авҷ гирифтан аст, муқоиса кунед.
Ин одами дарснахонда афродеро тарбият мекунад, ки башарият на танҳо дар ҳамон замон, ки ҳатто дар замони мо, яъне дар қарни 21, назирашонро пайдо намекунад; дар фазоили ахлоқӣ, дар хӯйҳо ва хислатҳои инсонӣ, дар шарофат ва хулоса дар ҳамаи заминаҳо беназиранд. Вақте шуморе аз ҳамин инсонҳо дар оғози ислом аз фишори Қурайш ба Ҳабаша паноҳ мебаранд ва мушрикони Қурайш пеши подшоҳи Ҳабаша меоянд, то ин навдинҳоро ба онҳо таҳвил бидиҳад ва Наҷҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша – ки масеҳӣ буд – аз ин навдинон мехоҳад, то ин ойини навро барои ӯ муаррифӣ кунанд, Ҷаъфар ибни Абӯтолиб, яке аз ҳиҷраткардаҳо мегӯяд:
“Ҷаноби Наҷҷошӣ! Мо мардуме ҷоҳил ва бутпараст будем. Аз хӯрдани мурдор худдорӣ намекардем ва аз фаҳшо рӯйгардон набудем. Бо хешони худ ба некӣ рафтор намекардем ва эҳтироми ҳамсоягонро нигоҳ намедоштем.
Инон (яъне намояндагони мушрикони Қурайш, ки ба назди Наҷҷошӣ омада буданд), ки аз ҷониби сарони мо ба манзури бозгардондани мо ба ин ҷо омадаанд, пайрави бадтарини ойинҳо ҳастанд: сангҳоро мепарастанд ва барои бутон намоз мегузоранд ва пайванди хешовандонро мегсаланд ва даст ба зулму ситам мезананд, маҳорими худро ҳалол мешуморанд, зӯрмандони мо саъй дар нобудии заъифон доранд ва ҳаққи якдигарро риоят намекунанд.
Мо чунин будем, то дар ин вазъи асафангез ва дунёи торик, Худованд пайғамбар дар миёни мо барангехт, ки насаб ва садоқат ва амонат ва покии ӯро ба хубӣ мешинохтем.
Ӯ моро ба парастиши Худованди якто ва итоати ӯ ва тарки он чи худ ва падаронамон мепарастидем, фаро хонд. Ӯ моро аз парастиши сангҳо ва ҷисмҳои беҷон ва қиморбозӣ ва зулму ситам ва зино ва рибохорӣ ва хӯрдани мурдор ва хун барҳазар дошт ва ба адлу эҳсон ва ростӣ ва дурустӣ ва амонатдорӣ ва некӣ нисбат ба хешон ва ҳамсоягон даъват фармуд ва аз хӯрдани моли ятим ва иртикоби фаҳшо ва мункар ва дурӯғ наҳй кард ва дастур дод, то Худои ягонаро парастиш кунем…
Мо низ, ки ин суханони нағз ва санҷидаро аз вай шунидем ва худи ӯро дар амал чунин дидем, ба вай имон овардем ва гуфтаи ӯро тасдиқ кардем. Ҳар чиро ҳалол карда буд, бар худ ҳалол карда ва он чиро ҳаром дониста буд, ҳаром шумурдем.
Қавми мо вақте вазъро чунин диданд, бо мо ба душманӣ бархостанд ва ба озору шиканҷаи мо пардохтанд ва саъй карданд, моро аз ин таъолими ҳаётбахш мунсариф созанд ва бори дигар ба парастиши бутҳо водоранд.
Чун корро бар мо танг гирифтанд ва монеъи диндории мо шуданд, ба дастури Пайғамбар рӯ ба кишвари шумо овардем, то дар паноҳи адли шумо аз осеби онҳо рӯзгоре чанд дар амон бошем ва умедворем, ки дигар дар инҷо ситаме набинем.”
(Ин суханронӣ тақрибан дар ҳамаи китобҳои таърихӣ нақл шудааст, аз ҷумла метавонед ба Таърихи Табарӣ муроҷеа кунед.)
Ҳоло намехоҳам сухан ба дарозо бикашам. Хулоса, ошноии мухтасар бо Паёмбар (с) кофист, одами боинсоф рӯй ба ислом оварад.
Хуб, гуфтам, мехоҳам дарди дил кунам, шиква ва шикоят кунам; шиква аз матруку маҳҷур будани ин ислом. Шиква на танҳо аз касоне, ки имрӯз ба ин дин ва соҳибаш метозанд, балки бештар аз худи пайравони ин дин ва ин шахсияти беназир, яъне аз мусалмонон. Шиква аз ин ки инҳо ба ҷойи муаррифии ин дин ва ин шахсияти нозанин яъне ҳазрати Паёмбар (с), машғули бигӯмагӯҳои беҳуда, машғули баҳсу ҷадалҳои бемаънӣ; ин ки ту кофирӣ, ман мусалмон, ту бадӣ ва ман хуб, ту чунонӣ ва ман чунин, ту шиъа ҳастӣ ва ман суннӣ ва ғайра.
Одам хуни ҷигар мехӯрад…
Дигар намехоҳам сухан ба дарозо бикашам, фақат як дарди дил ва ба истилоҳ, як шақшақае буд, ки хостам ба арз бирасонам.
Бо камоли эҳтиром, Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн 
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Путиноид
Фасоди ахлоқӣ – омили нобудии қавмҳост

Матолиби пурбоздид