Дарди одам чист ва давои он кадом аст? – 1

Таърих

Дарди одам чист ва давои он кадом аст? – 1

(Ошноӣ бо китоби “Эҳёу улумид-дин”)

Бахши аввал

Байни одамҳо аз аввале, ки дар рӯйи замин падид омаданд ва то ба имрӯз, ҳамеша ҷанҷолу кашмакаш, ки гоҳе ба кушту куштор ва хунрезиҳо меанҷомида вуҷуд доштааст. Аҳаде аз инсонҳо аз ин падидаи шум мустасно набуда, яъне чунин набудааст, ки танҳо байни қишри хоссе аз одамҳо – масалан диндорон – даъво барпо буда, чунонки имрӯзҳо ин пиндори бепоя тарвиҷ мешавад. Ин пиндор дуруст нест. Ва балки моҷаро дуруст баръакс будааст. Дар ҳамин қарни пешин яъне асри 20-ум, ки бештарамон шоҳидаш ҳастем, башарият бадтарини ҷангҳоро аз сар гузаронида, аз ҷумла ҷанги ҷаҳонии аввал ва дуввумро, ки даҳҳо милюн инсон қурбони он даргириҳо шуданд ва ин ду набард аз қазо байни бединон дар гирифта.

Ҳоло ҳар чи ҳаст, суол ин аст, ки сабаби асосии ҷанҷолҳо ва даст ба гиребон шуданҳо ва кушту кушторҳо байни инсонҳо чӣ будааст? Оё масалан “шикам” будааст ҳамон тавре, ки бисёре аз моддигароҳо мӯътақиданд? Ва ё омӯзаҳои динӣ будааст чунонки баъзе аз назарияпардозон дар имрӯз мегӯянд, ки диндорон ба сабаби ихтилоф дар боварҳои динӣ, ки ман ҳаққаму ту ботил, даст ба гиребон мешуданд ва дар натиҷа ҷанг миёни онҳо дар мегирифт? Ва ё масалан ихтилофоти марзӣ ва ҷуғрофиёӣ байни кишварҳо сабаби ин даъвоҳо ва ҷангҳо мешуд?

Ҷавоб ин аст, ки ин падидаҳоро яъне “шикам” ва ё ихтилофҳои динӣ ё кашмакашҳои марзӣ ва ё ғайри инҳоро, наметавон гуфт, сабаби даргирӣ дар ин ё он ҷанг набудаанд, на, будаанд, аммо сабаби аслӣ ва асосӣ инҳо набуданд, инҳо асбоби фаръӣ будаанд. Сабаби асосӣ чизе дигар будааст, ки дар ин ёддошт, ки аз чанд қисмат иборат хоҳад буд, баён хоҳам кард ва зимнан роҳи ҷилавгирӣ ва пешгириро низ тавзеҳ хоҳам дод, иншоаллоҳ!

* * *

Азизон ҳатман шунидаанд, ки Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) китобе дорад дар чанд ҷилд ба номи “Эҳёу улумид-дин” ба арабӣ, ки албатта хулосаи онро ба форсӣ низ нигошта ва “Кимииёи саодат” ном гузоштааст. Китоби воқеан арзишманд аст; китобе аст, ки мӯътақидам, мусалмонҳо – то чӣ расад ба ғайри онҳо – ҳанӯз қадри онро нашинохтаанд. Яъне, бо ин ки то ба имрӯз шарҳҳои гуногуне бар ин китоб навишта шуда ва ба сурати бисёр густарда дар марокизи илмӣ тадрис ва мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта ва мегирад, аммо мебинед, ин китоб ҳанӯз маҳҷур аст, ба умқи он чи Имом Абӯҳомид гуфтааст, таваҷҷӯҳ нашуда. Ба зудӣ ва дар зимни ин ёддошт, хоҳам гуфт, чаро ҳанӯз маҳҷур аст ва ба он таваҷҷӯҳ намешавад.

Имом Ғаззолӣ (р) дар ин китоб иллати аслии даъвоҳо ва ҷанҷолҳои инсонҳо дар тӯли таърихро баён мекунад ва дар воқеъ парда аз рӯйи дарди аслии инсонҳо – ва на танҳо мусалмонҳо – бармедорад ва ҳамчунин даво ва роҳи дармони он дардҳоро нишон медиҳад.

Аз қисматҳои баъдии ин ёддошт иншоаллоҳ шурӯъ мекунам ба муаррифии ин китоби арзишманд ба ихтисор барои азизони хонанда ва бар ин боварам, ки бо мутолеаи ин силсилаёддоштҳо маълумоти ҳарчанд мухтасар аз ин китоби арзишманд пайдо мекунед.

Идома дорад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Куршабпарак будан чӣ гуна аст?
Тромп: Дигар кишвари аҳмақе нахоҳем буд!

Матолиби пурбоздид