Дарсе бузург аз Гондӣ

Дарсе бузург аз Гондӣ
Моҳотмо Гондиро, ки мешиносед, ниёз ба муаррифӣ надорад, ӯ поягузори истиқлоли Ҳинд аст. Агар имрӯз Ҳинд яке аз абарқудратҳост (воқеан чунин аст) ва ба қавли таҳлилгарон, чанд даҳаи дигар, дар канори Чин ба яке аз қудратмандтарини кишварҳо табдил ва шояд ҷойи Омрикоро ҳам бигирад, ин воқеият марҳуни Гондӣ аст. Ин кишвар бо аҳолии наздик ба яку ним милёрд, на гоз дорад ва на нафт.
Гондӣ барои озодӣ ва истиқлоли Ҳинд аввалин коре, ки кард ин буд, ки кишварашро аз назари иқтисодӣ аз вобастагӣ ба Бритониё наҷот дод. Зеро дар замони истеъмор шараёни иқтисодии Ҳинд дар дасти Бритониё буд. Гондӣ медонист, ки то замоне ки кишвараш аз назари иқтисодӣ вобастаи Бритониёст, истиқлоли сиёсӣ ёфтани кишвар маҳол аст. Қаблан ба хотири беурзагии Баҳодуршоҳи Дуввум, иқтисоди ин кишвар ба дасти Бритониё қарор дошт, ҳатто дар пироҳан ва тугма (чӣ расад ба ашёи дигар) ҳиндиҳо ба Бритониё вобаста буданд.
Хуб, аввалин коре, ки Гондӣ кард ин аст, ки гуфт, мо бояд аз ин вобастагӣ наҷот пайдо кунем. Чӣ гуна? Гуфт, бидуни Бритониё мо бе либос мемонем? Хуб, ба дарак, либосамонро худамон медӯзем ва агар наметавонем, бе либос мегардем, одам, ки бе либос намемирад. Ва барои ин ки мардум ба ин тавсияи ӯ амал кунанд, худаш аввал, амалан ба дастонаш либос медӯхт ва мепӯшид. Мардум ҳам чунин карданд.
Бо ин кор, бузургтарин зарба ба Бритониё ворид шуд. Ширкатҳои бритониёӣ варшикаста шуданд. (Шабеҳи коре, ки Мирзои Шерозӣ, марҷаи тақлид дар Эрон кард, бо фатвояш барои таҳрими танбоку).
Бинобар ин, агар мехоҳем, кишварамон, Тоҷикистони азизамон воқеан мустақил бошад ва рӯи пойи худаш биистад, аввалин кори ману шумо ин аст, ки ҳеч чизи русӣ ва ғайри русиро яъне хориҷиро истеъмол накунем, ҳеч чизеро; на либосро, на кафшро, на хӯрокиҳоро, на лавозими хонагиро ва хулоса ҳеч чизеро, ҳама чиз тавлиди худамон бошад, ҳарчанд бесифат ва бекайфият. Агар ман пироҳани тоҷикӣ ба тан кунам, ки замин ба осмон намечаспад, агарчӣ он пироҳан бекайфият бошад. Ҳамчунин аст кафш, ҳамчунин аст хӯрокиҳо ва ғайра. Агар бихоҳем сарамон баланд бошад, либоси бекайфияти тоҷикӣ, ки як дӯзандаи тоҷик медӯзад, бипӯшем, ки ҳам мо мустақил шудаем ва ҳам шиками як ҳамватани мо сер шудааст.
Дӯстдори шик гаштан ва либоси хориҷӣ ба тан кардан набошем, ҳеч хайре дар он нест. Ҳамон кафши каҷу килеб ва мӯза ва калӯш ба унвони мисол, беҳтар аз як кафши олмонӣ аст. Ҳама чизро бояд худамон бисозем ва аз они худамон бошад. Баъдҳо бокайфият ҳам мешавад. Иншоаллоҳ мошинро ҳам худамон месозем.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамос: Муқовимат идома дорад
Шӯхи боданӯш

Матолиби пурбоздид