Дархости Тромп аз Сисӣ
Байналмилал
Тамоси телефонии ғофилгиркунандаи Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико, бо он “ҷалолу ҷабарут” бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср ба баҳонаи табрики иди саъиди Фитр, ба ин маъност, ки фарди тамосгиранда дар бӯҳрон аст ва барои бурунрафт аз ин бӯҳрон чашми умедаш ба раиси ҷумҳури Миср аст.
Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм”:
Тромп ва бештари раисони ҷумҳури Омрико одат надоранд барои шодбоши ид бо раҳбарони ҷаҳони севвум тамос бигиранд бавежа бо раиси ҷумҳуре, ки даъвати онҳо барои боздид аз Кохи Сафед ва диктаҳои онҳоро рад кардааст. Манзур, раиси ҷумҳури Миср аст, ки ба истикбори Омрико “На” гуфт ва ҳозир нашуд, ҳатто дар бораи тарҳҳояш барои ҷо ба ҷоии мардуми навори Ғазза сӯҳбат кунад ва ба Зеленскии дигаре табдил шавад, хоҳ бархе бо ӯ мувофиқ бошанд ё мухолиф.
Риёсати ҷумҳурии Миср бо судури баёнияе, муҳтавои ин тамоси ғофилгиркунанда аз сӯйи раҳбари қудратмандтарин кишвари ҷаҳон аз назар низомӣ ва иқтисодӣ (то кунун)-ро суханоне диплумотик дар бораи тақвияти равобити роҳбурдии байни ду кишвар, вазъияти Ховари Миёна ва талошҳои миёнҷигарӣ барои бозгардондани оромиш ба минтақа ва таъсири мусбати он бар киштиронӣ дар баҳри Сурх ва ҷилавгирӣ аз хасороти иқтисодӣ барои ҳамаи тарафҳо эълом кард.
Баёнияи расмии Омрико аммо возеҳтар ва мухтасартар буд, зеро Тромп бар баррасии вазъияти навори Ғазза ва рӯёрӯии Омрико бо ҷунбиши Ансоруллоҳ дар Яман таъкид кард.
Далоили барқарории ин тамоси изтирории раиси ҷумҳури мағрур, мутакаббир ва саҳюнисттар аз саҳюнистҳоро метавон ба шарҳи зер хулоса кард:
1) Аввал: посух ба дархости расмии Исроил аз Иёлоти Муттаҳида, барои барчидани зерсохтҳои низомии эҷодшуда тавассути артиши Миср дар минтақаи Сино, зеро нақзи пайвасти амниятии тавофуқи Камп-Дэвид ва мӯҷиби нигаронии фармондеҳони низомии режими ишғолгар шудааст.
2) Дуввум: иттилооти густардае дар расонаҳои исроилӣ дар бораи тавсиаи бандарҳо ва бондҳои фурудгоҳи Миср дар Сино мунташир мешавад. Як мақоми аршади низомии Исроил ба коноли расмии 14-и Исроил (ки гумон меравад женерол Исроил Котз, вазири дифоъ бошад) таъкид кард, ки Исроил бекор нахоҳад монд ва ба ин иқдомот посух хоҳад дод.
3) Севвум: музокираи Миср бо Куреи Ҷанубӣ барои хариди 70 ҳавопаймои таҳоҷумии бисёр пешрафтаи FA-50 аст, ки мумкин аст бартар аз ҳамтоёни худ яъне F-16 бошад.
Ба навиштаи маҷаллоти тахассусии низомӣ, ин амр метавонад тавони нерӯи ҳавоии Мисрро ба тарзи чашмгире мутаҳаввил кунад.
Шояд ин иқдом, яъне рӯ кардан ба Куре, пас аз интишори иттилооте дар замимаи рӯзномаи низомии бритониёии Тоймз сурат гирифта бошад, ки таъкид дорад, Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида амалиёти ҳамаи ҳавопаймоҳои ҷангандаи омрикоӣ бавежа ҳавопаймоҳои родоргурези F-35-ро контрол мекунад ва чандин кишвари урупоӣ суфориши хариди ҳавопаймои ахирро ба ҳамин далел лағв кардаанд.
4) Чаҳорум: нокомии ҳамалоти Омрико ба шаҳрҳои Яман, монанди Санъо, Саъда ва Ҳадида дар таҳаққуқи аҳдофи худ мабнӣ бар тазмини амнияти дарёнавардии тиҷорӣ дар баҳри Сурх ва баҳри Араб ва тангаи Бобулмандаб, нотавонӣ дар шикаст додани ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар таваққуфи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ ба нови ҳавопаймобари USS Harry S. Truman ва новчаҳои ҳамроҳи он.
Ба назар мерасад, Тромп мехоҳад аз нерӯи дарёӣ ва нерӯи ҳавоии Миср дар ин ҷанги шикастхӯрда кӯмак бигирад.
5) Панҷум: афзоиши хашми мардуми Миср барои аз саргирии ҷанги наслкушӣ тавассути режими ишғолгар дар навори Ғазза, ки нақзи ошкор ва хунини тавофуқи оташбаси мавриди ҳимояти Омрикост. Тазоҳуроти густардаи чандин рӯзи пеш бидуни дахолати пулис барои мутафарриқ кардани он дар Қоҳира низ ҳушдоре буд дар бораи як хезиши мардумии қарибулвуқӯъ, ки метавонад ба иқдоми низомӣ алайҳи Исроил табдил шавад.
6) Шашум: Тромп ҳамчунон ба иҷрои тарҳи худ барои овора кардани дуву ним миллион нафар аз навори Ғазза ва эҷоди як “тафреҳгоҳи Ховари Миёна” исрор дорад. Ва шояд тааҳҳуди Миср ба бозсозӣ ва радди қотеонаи оворагӣ барои ҳифозат аз амнияти миллӣ яке аз далоили аслии ин тамоси телефонӣ бо раиси ҷумҳури Миср ва охирин талош барои мутақоид кардани ӯ ҷиҳати мувофиқат бо ин барномаҳо бошад ва шояд Тромп таҳдидҳои худ мабнӣ бар қатъи кӯмакҳои молӣ ва низомӣ ба Мисрро такрор карда бошад.
7) Ҳафтум: афзоиши наздикии Миср ва Эрон ин рӯзҳо ба мувозоти таҳдидҳои Омрико мабнӣ бар ҳамлаи “ҷаҳаннамӣ” ба таъсисоти ҳастаии Эрон, пас аз мухолифати Теҳрон бо хостаҳои мундараҷ дар номаи Тромп ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон мабнӣ бар таваққуфи барномаҳои ҳастаӣ ва фаъолиятҳои ғанисозӣ ва таваққуфи комили ҳимоят аз гурӯҳҳои муқовамати Яман, навори Ғазза, ҷануби Лубнон ва Ироқ, зеро Тромп аз Миср мехоҳад дар сангари Омрико алайҳи Эрон бошад.
Посухи раиси ҷумҳури Миср ба хостаҳои матраҳшуда дар тамос бо ҳамтои омрикоии худ номушаххас аст, аммо он чи мусаллам аст, ин аст, ки посух ба чунин дархостҳое наметавонад телефонӣ матраҳ шавад. Зеро Миср кишваре муташаккил аз ниҳодҳост ва артиш ҳарфи охирро мезанад. Ва бояд ба Шӯрои олии муташаккил аз мағзҳо ва тахассусҳои низомии олӣ руҷӯъ кард ва ҳар касе хилофи инро бигӯяд, гузашта, ҳол ва ояндаи Мисрро намешиносад.
Гуфтанист Миср, бо таваҷҷӯҳ ба “таҷовузот” ва ҷанги наслкушии “Исроил” дар Ғазза ва Лубнон, вайронии Сурия ва табонии Омрико бо он (яъне ҷангҳои Исроил) ва бо таваҷҷӯҳ ба нақзи тавофуқи Камп-Дэвид пас аз ишғоли меҳвари Салоҳуддин (Филоделифиё) ва анҷоми қатли омм дар наворм Ғазза, яке аз барҷастатарин деворҳо дар стратегияи амнияти миллии Миср, ҳақ дорад нерӯҳои низомии худро тақвият кунад.
Ба эътиқоди мо, Миср ба Омрико иҷозаи дахолат дар масоили амнияти миллии худро мабнӣ бар таҳаққуқи дархостҳои Исроил барои барчидани зерсохтҳои низомӣ дар Синоро намедиҳад, зеро ин як мавзӯи ҳокимиятӣ аст ва Тромп ва ҳамаи муттаҳидонаш дар режими ишғолгар бояд ба хотир дошта бошанд, ки Миср як кишвари бузург аст ва дар муқоиса бо Омрико, ки камтар аз 300 сол ва Исроил, ки танҳо 76 сол қидмат дорад, дорои пешинаи таърихӣ ба қидмати беш аз 8000 сол аст.
Бар ин асос, Миср ба Омрико иҷозаи дахолат дар умури амнияти миллии худро намедиҳад, зеро Миср аз вуруд ба ҷанги ахири Арабистон ва Аморот дар Яман худдорӣ кард, дар ҳоле ки ин ду кишвар наздиктарин кишварҳо дар минтақа ба он ҳастанд ва аз пеш медонад, ин ҷанг маҳкум ба шикаст аст ва бидуни шак, (ки умедворем ин гуна бошад), аз ин моҷароҷӯии истеъмории аз пеш шикастхӯрдаи Омрико дур бимонад, зеро Яман ба унвони шикастдиҳандаи имперотуриҳо вориди таърих шуд ва Омрико низ дар ин хусус истисно нест.
Дар поён барои дуввумин бор ёдоварӣ мекунем, ки ин Миср буд, ки Исроилро ғофилгир кард ва 10-октябри 1973 дар рӯзи равшан ба хатти Борлиф юриш бурд ва яке аз барҷастатарин пирӯзиҳо дар таърихи арабро ба номи худ сабт кард. Ҳеч шабоҳате миёни он ва ғофилгирии Тӯфон ал-Ақсо дар ҳафтуми октябр намебинем, ки барои бори дуввум таъми талхи шикастро дар таърих ба режим чашонд, оё таърих бори дигар дар Миср ва дар сарзамини поки Сино такрор хоҳад шуд?
Гуфтанист, ки ҷанги араб ва Исроили 1973, ҷанге буд, ки аз 6 то 25-октябри 1973 миёни Сурия, Миср (бо ҳимояти чанд кишвари арабии дигар) бо Исроил иттифоқ афтод. Ин ҷанг бо ҳамлаи ғофилгиронаи Миср ва Сурия алайҳи мавозеи нерӯҳои Исроил дар шарқи коноли Суез ва иртифооти Ҷулон оғоз шуд, манотиқе, ки шаш сол қабл дар ҷанги шашрӯза ба тасарруфи қувваҳои Исроил даромада буд.
Raialyoum
Қаламонлайн