Дарҳои биҳишт дар ин моҳ кушода аст

Дарҳои биҳишт дар ин моҳ кушода аст

Эй мардум! Дарҳои биҳишт дар ин моҳ (Рамазон) кушода аст, аз Парвардигори худ бихоҳед, ки онҳоро бар рӯи шумо набандад.

Дарҳои дӯзах дар ин моҳ баста аст, аз Худо бихоҳед, ки онҳоро бар рӯи шумо боз накунад.

Шайтонҳо дар ин моҳ дар занҷир баста шудаанд, аз Худо бихоҳед, ки онҳоро бар шумо мусаллат нагардонад.

Паёмбари Акрам (с) дар рӯзҳои охири моҳи Шаъбон (ҷумъаи охири моҳи Шаъбон) хутбаеро эрод намуданд, ки маъруф ба Хутбаи Шаъбония аст. Ин хутба барои истиқболи моҳи мубораки Рамазон ва аҳаммияти аъмолу ибодот дар он аст. Дар ин хутба моҳи Рамазонро ба хубӣ тавсиф намуда ва савоби онро дақиқан ташреҳ намудаанд, ки инсон бо хондани он ва ошноӣ аз муҳтавои он, мефаҳмад, ки чӣ қадар ин моҳ бузург ва чӣ қадар Худованд дар ин моҳ ба бандагони худ таваҷҷӯҳ дорад; бо як амали кучак, савоби бениҳоятро бар он рақам мезанад ва биҳиштро зери пои ӯ мениҳад.

Хутбаи Шаъбонияи Паёмбари Акрам(с)

Эй мардум! Моҳи Худо бо баракату раҳмату омурзиш ба сӯи шумо рӯй кардааст; моҳе, ки назди Худо беҳтарини моҳҳост ва рӯзҳояш беҳтарини рӯзҳо ва шабҳояш беҳтарини шабҳо ва соатҳояш беҳтарини соатҳост.

Моҳе, ки дар он шуморо ба меҳмонии Худо даъват кардаанд ва шумо дар он аз аҳли каромати Худо шудаед. Нафасҳои шумо дар он савоби тасбеҳ, хобҳои шумо ибодат.

Аъмоли шумо дар он пазируфта аст ва дуоҳои шумо мустаҷоб. Пас, аз Парвардигори хеш бо ниятҳои ростин ва дилҳои пок, бихоҳед, ки тавфиқи рӯзаи ин моҳ ва тиловати Қуръон дар онро ба шумо иноят фармояд.

Пас, шақӣ ва бадбахт, он касест, ки дар ин моҳи бузург аз омурзиши Худо бебаҳра шавад.

Дар ин моҳ бо гуруснагӣ ва ташнагии худ, гуруснагӣ ва ташнагии рӯзи қиёматро ба ёд оваред. Ба фақирон ва дармондагон кӯмаку ёрӣ кунед. Ба пирон ва кӯҳансолон эҳтиром ва ба кӯдаконатон мулотифату меҳрубонӣ намоед ва бо хешовандон рафту омад дошта бошед.

Забони худро аз гуфтори ношоист нигоҳ доред. Чашмони худро аз дидани норавою ҳаром бипӯшонед ва гӯшҳои худро аз шунидани ончи нодуруст аст, боздоред.

Бо ятимони мардум меҳрубонӣ кунед, то баъд аз шумо бо ятимони шумо меҳрубонӣ кунанд. Аз гуноҳони худ ба сӯи Худо тавбаю бозгашт кунед.

Дар вақтҳои намоз, дастҳои худро ба дуо бардоред; зеро ки вақти намоз беҳтарини лаҳзаҳо аст ва дар ин вақтҳо Ҳақ Таоло бо раҳмат ба бандагонаш менигарад ва агар бо ӯ муноҷот кунанд, посухашон диҳад ва чунончи ӯро нидо кунанд, лаббайкашон гӯяд ва агар аз ӯ бихоҳанд ато кунад ва чун ӯро бихонанд мустаҷобашон гардонад.

Эй мардум! Ҷонҳоятон дар гарави аъмоли шумост. Пас, бо талаби омурзиш аз Худо, онҳоро аз гарав хориҷ кунед. Пушти шумо аз гуноҳон сангин аст, пас бо тӯлонӣ кардани саҷдаҳо онро сабук гардонед ва бидонед, ки Ҳақ Таоло ба иззати худ савганд ёд кардааст, ки намозгузорон ва саҷдакунандагони ин моҳро азоб накунад ва дар рӯзи қиёмат онҳоро аз оташи дӯзах дар амон дорад.

Эй мардум! Ҳар кӣ аз шумо рӯзадори мӯъминеро дар ин моҳ ифторӣ диҳад, назди Худо подоши озод кардани банда ва омурзиши гуноҳони гузаштаашро хоҳад дошт. (Бархе аз асҳоб гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Ҳамаи мо тавони анҷом додани онро надорем. Ҳазрат фармуд: Бо ифтор додани рӯзадорон, аз оташи ҷаҳаннам бипарҳезед, агарчи нисфи донаи хурмо ва ё як ҷуръа об бошад).

Эй мардум! Ҳар кас ахлоқи худро дар ин моҳ некӯ кунад, аз сирот, осон бигузарад, он рӯз, ки қадамҳо бар он билағзад. Ҳар кас дар ин моҳ корҳои ғуломон ва мустахдимони худро сабук гардонад, Худо дар қиёмат ҳисоби ӯро осон кунад. Ҳар кас дар ин моҳ аз озор расондани мардум худдорӣ кунад, Ҳақ Таоло рӯзи қиёмат хашми худро аз ӯ боздорад.

Ҳар кас дар ин моҳ ятими бепадареро гиромӣ дорад, Худо ӯро дар қиёмат азиз гардонад.

Ҳар кас дар ин моҳ силаи раҳм кунад ва бо хешовандони худ рафтуомад намояд, Худо ӯро дар қиёмат ба раҳмати худ восил гардонад ва ҳар кас дар ин моҳ робитаашро бо хешони худ қатъ кунад, Худованд дар қиёмат раҳмати худро аз ӯ дареғ намояд.

Ҳар кас дар ин моҳ намози нафл ва мустаҳаббӣ бихонад, Худованд ӯро аз оташи дӯзах бираҳонад ва касе, ки намози фарз ба ҷо оварад, Худованд савоби ҳафтод намози фарз дар моҳҳои дигарро ба ӯ ато кунад.

Ҳар кас дар ин моҳ бисёр бар ман (яъне бар вуҷуди гиромии ҳазрати Расул(с)) салавот фиристад, Худованд каффаи сабуки аъмоли ӯро сангин гардонад. Ва ҳар кас, ки дар ин моҳ як ояти Қуръонро тиловат кунад, савоби касеро дорад, ки дар моҳҳои дигар Қуръонро хатм карда бошад.

Эй мардум! Дарҳои биҳишт дар ин моҳ кушода аст, аз Парвардигори худ бихоҳед, ки онҳоро бар рӯи шумо набандад. Дарҳои дӯзах дар ин моҳ баста аст, аз Худо бихоҳед, ки онҳоро бар рӯи шумо накушояд. Шайтонҳо дар ин моҳ дар занҷир баста шудаанд, аз Худо бихоҳед, ки онҳоро бар шумо мусаллат нагардонад.

(Муҳаммадраҷаби Шокириён)

Сомонаи фарҳагӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Моҳи меҳмонии Худо
Мулоқоти мақомоти Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо

Матолиби пурбоздид