Дар инҳисори ҷилва
Бешак, забони Порсӣ (тоҷикӣ, дарӣ) имрӯз ҳам дар офаридани маъниҳо ва арзишҳои нав забонест қудратманд, вале дар ин қарина, дар ин қолабҳои аз шӯравӣ монда, ҳануз роҳи худро пайдо накардааст ва дар зеҳнҳо, дар ҷомеа ва умуман дар фазои фарҳанги-сиёсӣ ба як раванди созанда, ки бояд бошад, табдил наёфтааст. Mо ҳанӯз ҳам дар инҳисори ҷилваем (Бедил), ки гӯё забони мо чун забони сиёсат, илм ва донишу адаб вуҷуд дорад ва мо ҳам соҳибдавлат ҳастем. Забони мо имрӯз воқеан истиқлол надорад чун механизми истиқлолсозӣ ҳанӯз дар воқияти мо дар кор нест ва ҳама соҳибзабонҳоро фаро нагирифтааст ва онҳо чӣ будани истиқлолро, ҳарчанд ки дар борааш зиёд ҳарф мезананд, ҳанӯз ҳис ва дарк накардаанд.
Дигар инро ҳам дар ёд бояд дошт, ки ҳанӯз дар ибтидои асри бистум Де Сошио (Saussure) дар китоби худ “Курси забоншиносии умумӣ” (Course in General Linguistic) ба хулосае омада буд, ки забон новобаста ба соҳибзабон, худ қудрати шакл додани маъниҳоро дорад. Бубинед, дар мо ҳастанд забоншиносҳое, ки ҳанӯз дарк накардаанд, ки воқеяти забонии мо бо воқеияти аслӣ, ки зист дорем қариб ягон рабте надорад. Аслан чӣ будани забон, воқеияти забонӣ ва воқеиятро нашинохтаанд.
Мо, дар ин системаи рамзҳо ва маъниҳо ё ба истилоҳи дигар дар воқеияти забонӣ, ки ҳарфҳо, маъниҳо, назарияҳо бофта мешаванд ва шакл мегиранд, овораем ва ба воқеяити аслӣ, ба дунёи воқеӣ, ба дунёи таҷрубаҳо, бархурдҳо ва ба таркибҳое, ки ин маъниҳоро ба вуҷуд меоранд дастрасӣ надорем. Ба хусус вақте, ки рамзҳо, маъниҳо ва назарияҳо, ки имрӯз истифода мекунем, ҳарф мезанем ва шиор медиҳем, аксар моли мо нестанд ва реша дар қарина ва фарҳанги дигарон доранд. Ҳатто арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳоеро, ки Тоҷикро метавонанд Тоҷик кардан, дуруст риоя кардан ва дар худ доштан наметавонем.
Оворагиҳои назарияви-идеологии зиёии Тоҷик баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ худ нишонаи ҳамин заифии таркиби забон ва надоштани бунёди мустаҳками фикрӣ дар бораи худ ва ҷаҳон аст. Ин аст, ки қишри номусии мо (зиёӣ) мавқеъ надорад ва боз унсурҳои номусии ҷомеа, мисли солорӣ, ҳукумати машруъ, ҳукумронии қонун, низоми дурусти сиёсӣ, моликиятдорӣ ва ғайра, ки бунёди ҳаёти осудаи мардуманд, харобанд.
Садсолаҳо шояд ба ин одат кардаем, ки дар чунин воқеияти забонӣ бошем. Дигар ин ки дар ин воқеияти забонӣ аслан бозори шеър ва он ҳам шеъри орифона ва инчунин дар Шуравии собиқ шеъри идеологи – сотсиалистӣ равнақ дошт ва забони фалсафӣ, забони сиёсат ва забони бархӯрд ба ҳастӣ ва воқеият қариб ки вуҷуд надошт. Ин ҳама тақсири сулолаҳои турки – муғулии минтақа ва ҳукуматҳои истеъмории русӣ-болшевикӣ буд, ки сиёсати – фазосозӣ дар ҷомеа вуҷуд надошт ва забони Порсӣ (тоҷикӣ) дар чунин чизе ки нест наметавонист иштирок кардан.
Ин маъниест, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бораи ҳолати бади забони тоҷикӣ дар Шӯравии собиқ гуфта буд, “Сиёсати миллии истеъморгаронаи Маскав низ ба рушди забони тоҷикӣ зарар овард. Дар замони Шӯравӣ забони тоҷикӣ аз муомилоти расмӣ тамоман берун монд. Дар шаҳри Душанбе ҳамин, ки аз хона баромадем, забони тоҷикӣ дигар ба кор намеомад: забони тоҷикӣ дар муомилоти расмӣ истифода намешуд… Забон аз иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои иҷтимоии худ боз монд, зарурати донистани он аз байн меравад.” (Хуросон аст инҷо, саҳ.189)
Метавон гуфт, ки забон имруз ҳам дар сохтмони ҳаёти мардум нақше надорад ва дар зиндони шиор ва ҳарфҳои пуч мондааст…
Меҳмоншо Шарифзода
Qalamonline.net