Дар масири расидан ба ҳадаф ва комёбӣ

Муҳоҷират

Дар масири расидан ба ҳадаф ва комёбӣ

Дар масири расидан ба ҳадаф

Сабки зиндагӣ

Барои расидан ба ҳадафамон ва рӯъёи зиндагиамон бояд талош кунем, вагарна ба ҳадафамон намерасем. Бисёре аз одамон зуд аз кору талош хаста мешаванд, чаро ки саъю кӯшиш надоранд. Яъне ба таври доим дар паи расидан ба ҳадаф талош намекунанд ва дар натиҷа, аз расидан ба ҳадафи худ дилсард мешаванд ва онро нимакора раҳо мекунанд.

Бисёр вақт аз худамон мепурсем: Ман чӣ кор кунам, то ба ҳадафам бирасам?

Агар бихоҳам дар зиндагиам муваффақ бошам, бояд сабр дошта бошам ва рӯи ҳадафам собитқадам бошам.

Ман бояд то замони расидан ба ҳадаф, истодагӣ ва муқовимат кунам, собитқадам бошам!

Агар битавонем дар расидан ба ҳадафамон қадамҳои устувор бардорем ва собитқадам бошем, саъю кӯшиш намоем, ба ҳар чи бихоҳем, дастрасӣ пайдо мекунем!

Дар идомаи баҳс, мавориде баён мешавад, ки боис мешавад, бо вуҷуди мавонеъ ва таъхир дар расидан ба муваффақият, сахткӯш бимонем.

Мавриди аввал: Доштани танҳо як ҳадаф, на бештар!

Афроде, ки танҳо як интихоб доранд, дар кори худ саъю кӯшиши бештаре доранд, чаро ки ҳангоми рӯбарӯ шудан бо сахтиҳо ҷойгузини дигаре барои интихоби худ надоранд. Аммо афроде, ки гузинаҳои бешуморе доранд, аз талош барои расидан ба як ҳадафи хос даст мекашанд. Зеро замоне ки мефаҳманд, дастёбӣ ба ин ҳадаф мушкил аст, барои он ҳадаф, ҷогузини дигаре пайдо мекунанд. Бинобар ин, агар мехоҳем бидонем, ки ҳатто дар расидан ба як дастоварди дур аз интизор ва бисёр сахт, оё саъю кӯшиш дорем ё на, нахуст бояд мутмаин шавем, ки баҷуз он, барномаи дигаре надорем. Бояд танҳо як барнома дошта бошем ва бо ҷону дил барои он талош кунем.

Замоне ки дар паи як ҳадаф ва як барнома ҳастем, ҳамеша саъю кӯшиш дорем, зеро ҳангоми фароғату истироҳат низ, ҳеч кори дигаре барои анҷом додан надорем. Ин ҷо мо як интихоб дорем, ки бояд ба хотираш сахт кор кунем то ба он бирасем.

Мавриди дуюм: Гуфтугӯи дарунӣ бо худамон

Бисёре аз касоне, ки дар шуғли худ муваффақ мешаванд, касоне ҳастанд, ки худро ташвиқ мекунанд. Барои доштани саъю кӯшиш ва талош, бояд ҳамеша бо калимоти мусбат ба худамон ангеза диҳем ва ба худ бигӯем, ки ман пирӯз мешавам ва ҳеч чизе маро таслим намекунад!

Бо гуфтани ин ки ман ҳаргиз майдонро тарк нахоҳам кард, ба худамон энержии мусбат медиҳем, чаро ки мо ин тавоноиро дорем, ки бар ҳамаи мавонеъ ғалаба кунем.

Бо гуфтугӯи дарунии мусбат, саъю талоши мо бештар мешавад, зеро ин кор ба мо эътимод ба нафс ва худбоварӣ медиҳад ва ба мо кӯмак мекунад, ки дарки мусбате нисбат ба мавонеъ ва шикастҳо дошта бошем.

Мавриди сеюм: Сабр доштан

Саъю кӯшиш ва сабр дар канори ҳам ҳастанд, чаро ки касе, ки сабр надорад ва беқарор аст, наметавонад саъю кӯшиш дошта бошад. Дар айни ҳоле ки талош дорем, бояд бидонем, ки дастёбӣ ба ҳадафамон, шояд замони зиёде тӯл бикашад, пас бояд саъю кунем, ки ҳангоми талошу кӯшиш дар роҳи расидан ба ҳадаф, сабур бошем ва ноумед нашавем.

Сабр муҳимтарин монеи ноумедӣ ва руҳия надоштан аст. Илова бар ин, вақте сабур ҳастем, дар роҳи расидан ба ҳадафамон аз талош даст намекашем, ҳатто агар пас аз муддатҳо низ ба натиҷа нарасем, боз ҳам ба талош ва саъю кӯшиши худ идома медиҳем. Чаро, чун сабр дорем!

Сабр ба мо тавоноии муқовимату устуворӣ дар баробари шикасту ранҷҳоро медиҳад ва изтиробро аз байн мебарад. Бинобар ин, сабрро фаромӯш накунем.

Мавриди сеюм: Бисёр ба натиҷа фикр накардан

Масъалаи баъдӣ ин аст, ки тамоми фикрамонро рӯи натиҷаи кор мутамаркиз накунем ва ҳамааш дар бораи натиҷа фикр накунем…

Бале, дуруст аст, ки мо барои расидан ба натиҷа саъю кӯшиш мекунем, аммо тамоми фикрамонро ба ин мавзӯъ машғул надорем, зеро агар доиман ба натиҷаи кор фикр кунем, саъю кӯшиш бароямон душвор мешавад, зеро расидан ба натиҷа муддати тӯлониеро металабад. Зиёд фикр кардан дар бораи натиҷа,  изтиробу истресси моро бештар карда ва руҳияамонро заиф мекунад. Пас ба натиҷаи корамон умед дошта бошем, аммо дар ҳангоми кор, ба зиёд ба он фикр накунем ва бо зеҳни озод ба кор ва фаъолиятамон дар роҳи расидан ба ҳадаф идома диҳем.

Пас, дар паи расидан ба ҳадаф, бояд ба нукоти зер таваҷҷӯҳ дошта бошем, аввалан фақат як ҳадафро пайгирӣ кунем ва дар паи анҷоми чанд кор набошем, сониян, худамонро ҳамеша ташвиқ кунем ва муҳимтар аз ҳама сабр дошта бошем ва зуд хаставу дилсард нашавем.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти вазир ва Зуннуни Мисрӣ
Эҳтироми обрӯи мӯъмин дар оини ислом

Матолиби пурбоздид